ЭҲТИЁТ – НИМИ ҲАЁТ. 19 ноябр -Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ
ДУШАНБЕ, 19.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон якшанбеи сеюми моҳи ноябр Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони милали муттаҳид моҳи октябри соли 2005 эълон гардида буд.
Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рӯйдодҳои нохуш, пеш аз ҳама, пос доштани хотираи қурбониёни ҳодисаҳои нақлиётӣ ва баёни тасаллияту ҳамдардӣ ба аъзои оилаи онҳо мебошад. Зеро дар натиҷаи садамаҳои нақлиётие, ки ҳамарӯза дар саросари дунё ба амал меоянд, зиёда аз 3 ҳазор одамон ба ҳалокат расида, қариб 100 ҳазори дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Қисми зиёди фавтидагон ва ҷароҳатдидагонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Тавре сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Наргисой Туйчиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст.
«Соли 2016 бар асари 1326 садамаи нақлиётӣ 427 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 1419 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд. Шумораи садамаҳои роҳу нақлиётӣ нисбат ба соли 2015 149 адад, ҳалокшудагон 22 нафар ва маҷрӯҳон 157 нафар кам ба қайд гирифта шудааст. Дар муҳлати сипаригардидаи соли 2017 дар роҳҳои автомобилӣ 1115 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 383 нафар ба ҳалокат расида, 1151 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Хушбахтона, шумораи фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон соли равон назар ба соли 2016 камтар ба чашм расид ва умед аст, ки солҳои оянда низ ин шумора рӯ ба пастравӣ орад»,- гуфт Наргисой Туйчиева.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати садаманокӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар асосан аз интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт вобастагии калон дорад. Сабабҳои асосии садамаи нақлиётӣ- ин суръати аз меъёр зиёд, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ мебошанд.
“Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ байни наврасону ҷавонон амалиёти «Бачаҳо», «Пиёдагард», “Чорроҳа” ва “Автобус” роҳандозӣ шуда, дар доираи он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ҳамасола дар кишвар Ҳафтаи хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ гузаронида мешавад, ки он барои пешгирии садамаҳо мусоидат мекунад”,- иброз намуд сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Наргисой Туйчиева.
Тибқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 10 соли охир 15 ҳазору 225 адад садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 4 ҳазору 533 нафар ҳалок ва 17 ҳазору 117 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ “Ховар”








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






