Эмомалӣ Раҳмон: «Истиқлол метавонад ба яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ва беҳтарин минтақаи саноатӣ табдил гардад»

Ноябрь 16, 2017 12:25

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2015 дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби сармоягузорони хориҷиву ватанӣ бо харҷи 16 миллион сомонӣ корхонаи «Нуқрафом» барои коркарди партовҳои маъдани нуқраи кони «Канҷол» бо иқтидори коркарди 40 ҳазор тонна партови маъдани нуқрадор ё баробари 2 тонна нуқра дар як сол бунёд гардида буд». Ин нуктаро 16 ноябр зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол зикр карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон иброз доштанд, ки Комбинати металлургии «Зарнисор» метавонад барои бунёд ва ба кор даровардани якчанд корхонаи дигари саноатӣ саҳми муассир гузорад, зеро дар ояндаи наздик дар он ғайр аз 50 ҳазор тонна сурб боз 80 — 100 ҳазор килограмм нуқра низ истеҳсол мегардад, ки ин нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли имрӯзаи нуқра 40-50 баробар  зиёд аст. Яъне, имкони васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, ашёи рӯзгор ва ғайра аз нуқра пайдо мегардад. Дар ин росто  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки хатти аз таркиби сурби омехтадор истеҳсол кардани нуқраи тозаро низ ба роҳ монад. Инчунин фабрикаи ғанигардонии корхона, воқеъ дар шаҳраки Зарнисор ҳамасола зиёда аз 10 ҳазор тонна хокаи мис низ истеҳсол мекунад ва ин имкон медиҳад, ки  он ҳамчун ашёи хом истифода гардида, истеҳсоли металли мис дар кишвар ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, иқдоми роҳбарияти корхонаи металлургии «Зарнисор» оид ба ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ барои бунёди заводи истеҳсоли металли мис дар кишварамон қобили дастгирист. Ҳамчунин боиси қаноатмандист, ки боз як корхонаи дигари кимиёвӣ оид ба истеҳсоли сулфати руҳ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бо харҷи 120 миллион сомонӣ ва 10 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол бунёд мегардад.

Бо дахли афзоиши корхонаҳои саноатӣ дар шимоли кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон афзуданд, ки бо  таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Истиқлол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа мунтазам зиёд шуда, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар афзудааст. Дар шаҳр иншооту иқтидорҳое мавҷуданд, ки то ҳанӯз аз баҳрабардорӣ берун мондаанд ва дар сурати истифодаи самараноки онҳо  шаҳри Истиқлол метавонад ба яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ва намунаи беҳтарини минтақаи саноатӣ мубаддал гардида, дар ҷодаи амалӣ намудани ҳадафи ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон саҳми басо арзишманд гузорад. Бо ин мақсад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр вазифадор карда мешаванд, ки раванди сохтмони дигар корхонаву коргоҳҳои ба нақша гирифташуда, аз ҷумла, корхонаи дуюми металлургиро ҷиҳати истеҳсоли металли руҳ вусъат диҳанд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода супоридани онҳоро таъмин намоянд.

Пешвои миллат зикр карданд, ки тибқи нақша корхонаи мазкур бояд соли 2018 ба фаъолият оғоз мекард. Дар асоси супориши Роҳбари давлат корхонаи мазкур як сол пеш аз муҳлат ба истифода супорида шуд. Тавре ки зикр шуд, дар ҳамкорӣ бо «Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой» дар ду шаҳри саноатии вилоят — Истиқлол ва Гулистон дар ояндаи наздик силсилаи корхонаҳои саноатӣ бунёд карда мешаванд, ки дар онҳо беш аз чоруним ҳазор нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Ба андешаи Пешвои миллат, зарур аст, ки роҳбарони корхона дар бобати тайёр намудани мутахассисони маҳаллӣ аз ҳоло чораҷӯӣ намоянд. Инчунин корхона ба нақшаҳои минбаъдаи худ бунёди кӯдакистон, мактаб ва литсейи касбҳои техникиро ворид намуда, ҳамкориро бо Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон бояд дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намояд,- таъкид карданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ноябрь 16, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур суханронии Президенти Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи Дониш дастҷамъона тамошо намуданд
«БО АТЛАСУ АДРАСУ ЧАКАН ЯКТОӢ». Либоси миллӣ байни тӯфонҳои шадиди ҳазорсолаҳо ба ин покӣ ҳифз гардид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар босуръат идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад