Худобердӣ Холиқназар: «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа ва ваҳдату ягонагӣ нақши муассир гузошт»
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ гардид. Пас аз чоряк асри баргузории ин Иҷлосия оид ба нақш, дастовард, дурнамо, ҳадафҳо ва дигар самтҳои таърихии он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ ХОЛИҚНАЗАР ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ба кадом самти фаъолияти давлатдории Тоҷикистон замина гузошт?
Х.Холиқназар: Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз ба шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон таъйини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуданд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар мамлакат ҳидоят менамуд.
АМИТ «Ховар»: Иҷлосия заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демократию дунявии ҳуқуқбунёдро гузошт. Сабаби дар радифи дигар низомҳо интихоб намудани сохти дунявии давлатдорӣ чӣ буд?
Х.Холиқназар: Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки мо ба тозагӣ аз зери як идеологияи томгаро озод шуда будем, доираҳои муайяни хориҷӣ ҳолати харҷу марҷи сиёсию идеологии ҷомеаро ғанимат дониста, мехостанд ҷомеаи моро ба зери идеологияи дигар дароварда, сохти дилхоҳи давлатии худро дар Тоҷикистон бунёд намоянд. Баъзе неруҳои аз назари сиёсӣ ҳанӯз бисёр бетаҷрибаи дохилӣ низ ин ғояро дастгирӣ намуда, зери шиорҳои онҳо сохтани як давлати идеологии дигарро дастгирӣ намуданд. Аммо онҳо ин воқеиятро дар назар нагирифтанд, ки низоми сиёсию идеологии дар назар доштаи онҳо на ба воқеияти таърихи муосири Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба сатҳ ва тарзи тафаккури онрӯзаи мардуми кишвар ва на ба хусусиятҳои равандҳои сиёсию геополитикии минтақа ҳеҷ созгорӣ надорад. Аз ин рӯ, агар Тоҷикистон ба ин варта фурӯ мерафт, мо ҳаргиз аз гирдоби ихтилофҳои ақидатии дохилӣ ва низоъҳои беохир бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳони хориҷӣ берун намемондем. Ин буд, ки интихоби тарзи дурусти давлатдории дунявӣ яқин интихоби дуруст, огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон дар он рӯзҳои мушкил буд.
АМИТ «Ховар»: Нақши Иҷлосияи 16 дар таъмини сулҳу субот, ризояти миллӣ ва ваҳдату ягонагии халқи тоҷик чӣ гуна аст?
Х.Холиқназар: Маврид ба зикри хос аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ба муттаҳидӣ даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дошт. Дар ҳамин замина минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан шурӯъ гардид. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдомот амалан таҳти як парчам ва рамзҳои давлати мустақил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани неруҳои гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд. Зеро дар он айём қисми зиёди одамоне, ки огоҳона ё ғайриогоҳона ба сиёсат гароида буданд, пойбанди талошҳои афзалият додан ба манфиатҳои маҳдуди маҳаллӣ буданд. Дар чунин шароит қабули рамзҳои давлатӣ- Нишон ва Парчами миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи пешрафти кишвар ба сӯйи ҷомеае, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои тамоми мардум ва мутобиқ ба меёрҳои ҷомеаи муосир ва мутамаддин бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори иҷлосия буд.
АМИТ «Ховар»: Аввалин қадаме, ки Пешвои миллат- Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми Иҷлосия гузоштанд, ба кадом самт равона шуда буд?
Х.Холиқназар: Сарвари давлат – Раиси нави Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз хатми Иҷлосия ба шаҳри Душанбе омаданд, ки дар ин ҷо ҳатто нони хўрдан пайдо кардан мушкил буд. Лекин ба ин мушкилоти рўзгор нигоҳ накарда, пеш аз ҳама, бо барномаи муҳими сиёсӣ ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки бояд ҳарчи зудтар дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ барқарор гарданд, гурезаҳо ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонида шуда, бо либосу хўрокворӣ таъмин шаванд. Фаъолияти мунтазами корхонаҳову муассиса ва хоҷагиҳо барқарор карда шуда, Артиши миллӣ таъсис дода шавад ва амнияти давлатӣ таъмин гардад.
АМИТ «Ховар»: Дар Иҷлосия чанд санаду қарор қабул гардид ва онҳо то кадом андоза тавонистанд барои расидан ба сулҳу суботи комил замина гузоранд? Умуман дастовардҳои санадҳои қабулгардидаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Х.Холиқназар: Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ моҳияти таърихӣ дошта, бобати ҳалли маҷмӯи проблемаҳои ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуд, ки аз як ҷиҳат салоҳияту ваколати онро собит менамуданд, аз дигар тараф, он санадҳо барои солҳои минбаъдаи мардуми кишвари дорои собиқаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал ҳисоб меёфтанд. Зеро дар партави қарорҳои Иҷлосияи мазкур ва такя ба соҳибистиқлолии давлатӣ рушди имрӯзу фардои кишвар ба ҷунин дастури ҷиддан таҳиягардида эҳтиёҷ дошт.
Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида буд, ба Ватан баргардонидани гурезагон буд. Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро аз он оғоз намуданд ва ҳамеша таъкид менамуданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва тамоми гурезагони иҷбориро ба Ватан бармегардонам».
Дар натиҷа дар давраи солҳои 1993-2000-ум ҳамагӣ 950 ҳазору 599 нафар ба ҷойҳои зисти доимии худ дар саросари Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил теъдоди 201 ҳазору 601 нафар, Афғонистон 51 ҳазору 345 нафар ва аз ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 697 ҳазору 653 нафар буданд. Дар чунин марҳилаи хеле кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии роҳбари ҷавону кордон Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамаи гурезагонро дубора ба Ватан баргардонад ва бо манзили истиқоматӣ таъмин намояд.
Вазифаи дигаре, ки сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон онро амалӣ намуданд, ин таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа ва ваҳдату ягонагӣ буд. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ байни тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон- Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон идома ёфт, муяссар шуд, ки дар 9 давраи музокирот ва 6 мулоқоти сарон 40 санади барои миллат муҳим ба имзо расонида шаванд, ки бузургтаринаш «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд».
АМИТ «Ховар»: Иҷлосия кадом масъалаҳоро ҳамчун вазифаи асосӣ нишон дода буд?
Х.Холиқназар: Иҷлосияи таърихӣ масъалаи бозсозии аввалиндараҷаи Ватан ва пешбурди рушди иқтисодиро ҳамчун вазифаи асосӣ нишон дод. Дар натиҷа, баъд аз барқарории сулҳу субот бозсозии Ватан шурӯъ шуд. Дар ин давра иншооти муҳим, ба монанди сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби ағбаи Анзоб, сохтмони неругоҳи барқи обии «Сангтӯда», навсозии фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, таъмиру навсозии роҳу пулҳои харобшуда дар водиҳои Рашту Вахш ва садҳо тарҳҳои дигар амалӣ гаштанд.
Иҷлосияи 16-ум масъалаи гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва рушду нумӯи иқтисоди Тоҷикистонро заруртарин масъала ҳисобида, иҷрои онро тақозои замон номид. Дар натиҷа Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи комплексии дигаргунсозии иқтисодиро барои солҳои 1995-2000 таҳия намуда, ба тасвиб расонид. Мутобиқи ин барнома барои гузаштан ба иқтисоди бозорӣ зарур буд, ки дигаргуниҳо дар се самт: озодкунии иқтисодиёт, гузаронидани тағйироти сохторӣ ва дигаргунии ниҳодӣ сурат гиранд. Ин барнома ба озодии нархи ҳамаи молу маҳсулоту хизматрасониҳо, ривоҷу равнақи савдои хориҷӣ, вусъат додани ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ, бахши молиявию бонкӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ равона гардида буд.
Дар барбари ин, тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин ба мардум аз ҷумлаи чорабиниҳое буд, ки аҳолиро аз хатари гуруснагӣ раҳоӣ бахшид. Ҳамаи ин имкон дод, ки аз соли 1997 сар карда, болоравии иқтисодиёт таъмин карда шавад. Чунончи, агар соли 1997 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 1,7 дарсадро ташкил карда бошад, пас дар муддати солҳои 2000-2008 ба ҳисоби миёна он ба 8,8 дарсад расонида шуд.
АМИТ «Ховар»: Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамтиро гузошт. Мегуфтед, ки ин омил то имрӯз чӣ натиҷа дод?
Х.Холиқназар: Фаъолияти пешбинишаванда, мутавозин ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои дигар имкон дод, ки обрӯ ва эътибори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи бисту панҷ соли охир ба маротиб афзояд. Зикр кардан кофист, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат Маҷмаи Умумии СММ соли 2003- ро ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015- ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013- ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018- 2028- ро «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор» эълон намуд. Бо шарофати ҳамкории фаъолонаву судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз зерсохторҳои СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мо тавонистем, ки ҷашнвораҳои 1150- солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва 100- солагии шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзодаро таҷлил карда, ёдгории таърихии тоҷикон- Саразми Панҷакент ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ин созмони бонуфуз ворид гардида, ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом ва 21 март Рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон шавад.
Бояд эътироф намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 соли Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти зиёдеро паси сар карда, ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик соҳибватану соҳибтамаддун ва сулҳпарвару ояндасоз аст.
Шукӯҳи ДАЛЕР