ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Дар ҷумҳурӣ 11 филиали Иттиҳодияи миллии нобиноён мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 13 ноябр дар аксар мамлакатҳои дунё Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад. Соли 1984 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ин санаро ба ёдбуди эҳсонгар, муаллим ва навовари машҳури франсуз Валентин Гаюи- асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон бахшида буд.
Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2004 барои нобиноён 15 октябр иди «Асои сафед» ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин рӯз Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон иди «Асои сафед»-ро бо нобиноёни шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҷашн мегирад.
Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1937 фаъолият дошта, зиёда аз 8300 нафар аъзои ин ҷамъият мебошанд. Ҳамзамон барои ба қайд гирифтани нобиноён дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11 филиали Иттиҳодияи миллии нобиноён мавҷуд мебошанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли равон барои нобиноён як зумра китобҳои дарсӣ ва дастурҳои тиббӣ бо ҳуруфоти Брайлӣ чоп шуданд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ барои маъюбони нобино курсҳои бозомӯзӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 70 нафар нобиноён ва сустбинон ба омӯзиши курсҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, маҳсгарӣ, хонадорӣ ва пазандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо нобиноён аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дастгирии хуб дида, то ҳадди имкон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, зиёда аз 70 нафар маъюбони нобино бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд. Иттиҳодияи миллии нобиноён онҳоро бо дафтарҳои махсус барои навишт бо хатти Брайлӣ таъмин менамояд.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст сол аз сол корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






