Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд

Ноябрь 4, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода оид ба нақш ва мақоми Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки тибқи Конститутсия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ кафолат дода шудаанд, сухан гуфт.

Кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат Суман Зуҳурова ва Аброр Бутаев моҳият ва муҳтавои Конститутсияи ҷумҳуриро муаррифӣ карда, нақши онро дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Он ҷомеаро муттаҳид сохт ва ин сарҷамъӣ таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон падидаи арзишманду нодири охири қарни XX — фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва дар амал татбиқ намуд.

Ноябрь 4, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ