Кишоварзони Ёвон бо ёрии соҳибкорон ба хориҷи кишвар 2800 тонна маҳсулот содирот карданд
ЁВОН, 11.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон имсол дар ҳама бахшҳои чорводорӣ 94 ҳазору 974 сар чорвои калони шохдор (аз он 48 ҳазору 407 сар модагов), 175 ҳазору 847 сар бузу гӯсфанд, 6194 сар асп, 116 ҳазору 384 сар паранда ва 4394 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодаанд. Ин рақамҳо 104-107 фоизи дурнамои солонаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4651 сар чорвои калони шохдор, 1167 сар модагов, 10 ҳазору 055 сар бузу гӯсфанд ва 21 сар асп зиёд мебошад. Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Чорводорони ноҳия дар ин давра 37 ҳазору 942 тонна хошоки дурушт ва 1592 тонна хошоки ширадор захира намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 29 тонна хошоки дурушт ва 32 тонна хошоки ширадор зиёд аст.
Маҳсулнокии чорво аз 100 сар модагов 61 сар гӯсола, аз 100 сар меш 94 сар барраю бузғоларо ташкил дода, ширдушӣ ба як сар модагов 1461 литр, пашмтарошӣ ба ҳар сар гӯсфанд 2,5 кг ва тухмгирӣ ба як сар мокиён 86 дона рост меояд.
Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо ёрии соҳибкорон ба хориҷи кишвар 2800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи содироти маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳияро пурра иҷро намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорводорӣ ва тараққӣ додани он яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти чорво ва такрористеҳсолкунии он вазифаи асосии чорводорон мебошад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






