Кормандони муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорони инфиродии Бадахшон бо низоми нави хариди давлатӣ шинос шуданд

Ноябрь 3, 2017 12:16

ХОРУҒ, 03.11.2017 (АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ  ҳамоиш  дар мавзӯи «Амалияи анҷом додани хариди давлатӣ тавассути низоми электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Сардори бахши вилоятии агентии мазкур Гулсимо Абдулҳофизова гуфт, ки «мавзӯи мазкур ба маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаи иқтисодӣ амалӣ мегарданд, бахшида шуда, минбаъд хариди давлатӣ (тендерҳо) тавассути низоми электронӣ сурат мегирад. Бо ин мақсад Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи интернетӣ портали ягонаи хариди давлатӣ боз кардааст. Шарҳу тавзеҳи инфрасохтор, технологияи иттилоотию иртиботӣ, роҳҳои истифода аз сомонаи мазкур яке аз ҳадафҳои аслии ин ҳамоиш ба шумор меравад. Низоми нави хариди давлатӣ  аз як сӯ қонунгузорӣ дар хариди давлатиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардонад, кори мутахассисони идораву муассисаҳоро сабук месозад ва  аз сӯи дигар дар муқовимат бо коррупсия нақши муассир мебозад. Ҳамчунин ба шафофият ва рақобати солим ҳангоми тендер мусоидат мекунад».

Харидҳои давлатӣ дар низоми молиявии кишварҳои ҷаҳон нақши муҳим доранд. Мутобиқи ҳисобҳои коршиносони байналмилалӣ ҳаҷми маблағҳои давлатӣ, ки тавассути хариди давлатӣ харҷ мегарданд, наздики 1,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи сардори бахши вилоятии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии ҷумҳурӣ, солҳои охир таваҷҷуҳи идораву муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию корхонаҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёд гардида, ҳаҷми маблағҳо дар доираи 2 миллиард сомонӣ қарор дорад.

Ҳамоиш ду рӯз идома меёбад ва мутахассисони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе  тавассути робитаи мустақими электронӣ ба суолҳои иштирокчиёни ҳамоиш посух мегардонанд.

Ноябрь 3, 2017 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад