Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири “НГ”: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – оғози ваҳдати миллӣ ва анҷоми беҳокимиятӣ»

Ноябрь 16, 2017 11:45

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар/.  Имрӯз санаи муҳиму тақдирсози кишварамон- 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Воқеан ҳам 25 сол пеш дар шаҳри Хуҷанд баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ гардиши бузург дар таърихи нави давлатдории тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ дар пеши назари мо як маротибаи дигар он рӯзҳои даҳшатноки нангину вазнин ва дилхарош ҷилвагар мегарданд. Ёд аз он рӯзҳое мекунем, ки модарон   фарзанд гум карда буданд, занон шавҳаронашонро аз даст дода буданд ва хонаводаҳо дур аз Ватан ғариб гашта буданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд. Ин иҷлосия ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар ёди наслҳои оянда низ ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Таърихи башарият давраҳои пурмоҷаро, шигифтовару тақдирсозеро аз сар гузаронидаву бурду бохти давлатдорон, эътимоди ватандорӣ ва нақшаҳои сиёсатмадорони миллату қавмҳоеро ҳақиқатнигорона ба мизони маргу нобудӣ ва ё ҳастиву мавҷудият баркашидааст.

Дасисакориҳо, низоъҳои байнихудиву бегонагон борҳо миллати тавонгари моро дар вартаи ҳалокатбор дучори нокомиҳову мушкилоти гӯшношунид гардонидааст, вале хушбахтона, боз ҳам неру, иродаи қавӣ,  худшиносӣ ва тафаккуру зеҳни баланди миллӣ аз роҳи худшиносӣ тавонистааст онро бо музаффариятҳои тоза ба тоза аз дигар ҷиҳат муаррифӣ намояд. Номашро дар саҳифаҳои рангини таърих бо зарнавишти вожаи тоҷик ҳаккокӣ созад ва дар нақшаи ҷуғрофии ҷаҳон гӯшаеро бо номи Тоҷикистон инъикос намуда, шарафи халқеро чун симои воқеии як миллати бузурги соҳиби номаи худшиносӣ, Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба мардуми ҷаҳон шиносонад. Ин ҳама дастовардҳо бе муборизаҳо, бе дахолати дасти бегонагону гирудори мансабталошони худӣ, бе низоъҳо ва ба бор овардани даргириҳои дохилӣ, албатта, ба осонӣ муяссар нашудаанд. Дунё бори дигар баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сарзамини тоҷикро бо симо ва номи аслии худаш – Тоҷикистон шинохт. Вале ин туҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, надоштани таҷрибаи давлатдории ҷадиду мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи навини инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.

Соҳибистиқлолӣ фазои иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод. Плюрализми идеологӣ ба интихоби арзиши шахсият мусоидат намуда, баҳри ҳимояи мақсаду манфиатҳои ӯ имконияти фарох фароҳам овард. Дар арсаи сиёсии мамлакат қувваҳое пайдо шуданд, ки талоши ҳокимият доштанд. Фалаҷ шудани ҳокимияти сиёсӣ, авҷ гирифтани қувваҳои ба ном «демократӣ», вазъи муташанниҷи сиёсӣ, тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат, авҷи аълои маҳалгароӣ ва зӯроварӣ, бесарусомонию саргардонӣ – чунин буд авзои сиёсии давлати тозаистиқлоли тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90-уми қарни гузашта. Маҳз дар чунин вазъияти мушкилу ҳассоси сиёсӣ Шӯрои Олии мамлакат масъулиятро барои ояндаи давлату миллати тоҷик ба зиммаи худ гирифт, кафили таъмини сулҳу осоиш ва пойдории давлат гардид.

Кулли воқеаҳо ё рӯйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он кишвару миллатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозанд, аз шаҳре, майдоне, қасре ё мавзеъе сарманшаъ мегиранд ва ҳамчун рамзи ин воқеот абадӣ мемонанд. Агар рамзи озодии мардум муҷассамаи «Озодӣ» дар Амрико, рамзи тараққиёти техникии Франсияву Аврупо манораи «Эйфел», рамзи тавоноии фиръавнҳои ҷаҳон аҳромҳои Миср, рамзи бунёдкориву ишқи беолоишу самимӣ Тоҷмаҳал бошанд, Қасри «Арбоб» дар таърихи мо, тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ – Истиқлолияти комили миллиямон мемонад ва бо гузашти вақт ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил меёбад.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олиро ёдовар мешавему мебинем, ки то расидан ба ин рукни муқаддас чӣ роҳҳои мушкилгузарро сипарӣ намудем ва дар охир ба кадом комёбиҳо ноил гаштем.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар муайян намудани сохтори давлатӣ, тарзи идора ва мушаххас сохтани аслҳои (принсипҳои) асосии давлатдорӣ  бениҳоят калон аст. Иҷлосия роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ – бунёди демократия дар асоси гуногунандешии сиёсию идеологӣ, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро муайян намуд. Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки онро аксари сокинони мамлакат дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам ҷонибдорӣ менамуданд, ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гашта, таҷассуми худро минбаъд дар Конститутсия ёфт.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамин иҷлосия Ҳукумати нав бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба принсипҳои  башардӯстона  нишон дод. Ин бузургмард тавонист ҷараёни иҷлосияро бо андешаи воло ва иқдоми наҷибаш дигар намояд. Роҳбари давлат савганд ёд намуда, зикр кард, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони он содиқ хоҳад монд: «Оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем». Аллакай аз оғози кор дар иҷлосия якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки аз сиёсати инсондӯстии сарварамон шаҳодат медоданд, қабул карда шудаанд, чун «Қонун дар бораи авф» ва «Дар бораи гурезаҳо».

Сарвари давлат муҳимияти масъалаи баргардонидани гурезаҳоро бо тамоми ҳастиаш эҳсос намуда, ба хубӣ дарк мекард, ки маҳз тавассути сарҷамъии мардум метавон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Баргаштани гурезаҳо ба Ватан ин маънои обод кардани хонаю деҳаҳои сӯхта, киштзори поймолшуда, марҳами захмҳои ғарибӣ ва азобу кулфатҳои мусофириро дошт. Муҳимтар аз ҳама, маҳз тавассути бозгаштан ба Ватан имкони дарки хатои содиршуда ва бахшиши гуноҳи якдигар ба даст меомад, ки омили муҳими таъминсозандаи сулҳу салоҳ мегашт.

Дур аз Ватан қарор доштани гурезаҳо ба вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат таъсири бевоситаи худро мерасонд. Пеш аз ҳама, мардуми ғарибгашта, ки аслан гуноҳе надоштанд, метавонистанд барои қувваҳои манфиатдор ҳамчун воситаи ба даст овардани мақсадҳои ғаразнок истифода гарданд. Махсусан ин ҳолат дар Афғонистон, ки вазъи сиёсии ноором дошт, барои мардуми мо мушкилиҳои сангине пеш овард. Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон изҳор карданд: «То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам». Ин суханон бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар дуюмин шаҳри бузурги кишварамон баргузор гашт, Хуҷанди бостониро чун Теҳрон, Қрим, Потсдаму Хелсинки, ки онҳоро конфронсҳову ҷамъомадҳои тақдирсози ҷомеаи ҷаҳонӣ номдор намудааст, шуҳратёр кард.  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гаштанд, ки асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил медоданд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзишу баррасии ҷомеашиносон қарор дорад, имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз он ифтихор дорад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари олам омӯхта мешавад. Ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна низоъ роҳи ҳалли худро дорад, агар тарафҳои даргир сари вақт мақсади ҳал кардани онро дар миён гузошта бошанд.

Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст дар марҳалаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ватани азизамон оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, анҷоми беҳокимиятӣ, хатари нестшавии халқи тоҷик, якпорчагии марзу буми миллат арзёбӣ мегардад.

Маҳбуба  КАМОЛОВА,

Сармуҳаррири нашрияи

«Народная газета»,

номзади илмҳои сиёсӣ

Ноябрь 16, 2017 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тӯфони «Тораҷи» ба соҳилҳои Филиппин расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Зимни тирпаронӣ дар донишгоҳ дар иёлати Алабамаи Амрико як нафар ҳалок ва донишҷӯён маҷруҳ шудаанд
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ усулҳои нави кумакрасонӣ ба осебдидагонро омӯхтанд
КОНФЕРЕНСИЯИ COP29. Роҳбарони 80 давлат ва ҳукумат дар Боку масоили иқлимро баррасӣ менамоянд
Заминларзаҳо дар Куба боиси ярчфароӣ ва вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ гардиданд
Сигэру Исибаро сарвазири Ҷопон интихоб намуданд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-КАФИЛИ САОДАТ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНОН». Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд доир мешавад
Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд навсозӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар Покистон ба 27 нафар расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад