«МАХСУСИЯТИ ЖАНРҲОИ РАДИОӢ». Бори аввал маълумоти назариву амалӣ оид ба баъзе жанрҳои радиоӣ фароҳам омад
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Махсусияти жанрҳои радиоӣ» — чунин ном дорад китоби нави доктори илмҳои филология Саидмуроди Хоҷазод ва номзади илмҳои филология Абдурашид Хӯҷамқул.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои филология Саидмуроди Хоҷазод иброз намуд, китоб таҳаввул ва ташаккули низоми жанрҳои журналистикаи радиоро дар замони муосир дар бар гирифта, он ҷанбаи илмӣ, назарӣ ва амалӣ дорад.
Бино ба зикри муаллиф, хусусияти дигари китоб он аст, ки дар он оид ба баъзе жанрҳои радиоӣ, амсоли мухобирот, мубоҳиса, тадқиқоти журналистӣ, номаи радиоӣ, нутқи радиоӣ ва интермедия бори аввал маълумоти назариву амалӣ фароҳам омадааст.
Хонандагон дар як вақт бо услуби таълифи маводи илмӣ, назарӣ ва амалӣ ошно мегарданд. Истифодаи чунин тарз барои ҳосил намудани дониши ҳамаҷониба ва инкишофи ҷаҳонбинии илмии хонанда ёрмандӣ мекунад.
Муаллифон, ки солҳои тӯлонӣ дар радио кор карда, таҷрибаи ғании амалӣ андӯхтаанд ва дар давраҳои гуногуни рушди ин расона шоҳиди бевоситаи таҳаввулот, тағйироти мавзӯӣ, жанрӣ, миқдорӣ ва сифатии радио гардидаанд, таҷрибаи амалии худро ҳангоми нигоштани вижагиҳои жанрҳои радиоӣ, тафовути онҳо аз жанрҳои матбуот ва адабиёт истифода намудаанд.
Китоби мазкур барои дарки моҳияти жанрҳои журналистикаи радио ба хонанда кумак мерасонад. Он барои устодон, пажӯҳишгарон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва кормандони ВАО пешниҳод мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






