Муҳаммад Талҳа Маҳмуд: «Мардуми Покистон ба санъат ва фарҳанги Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса доранд»
ДУШАНБЕ, 28.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Покистон нисбат ба санъат ва фарҳанги Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса доранд, ҳамчуноне ки шоири миллии Покистон Аллома Иқбол дар Тоҷикистон хеле машҳур аст. Ин нукта дар мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Раиси кумита оид ба сохторҳои давлатии Сенати Покистон Муҳаммад Талҳа Маҳмуд иброз гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур 27 ноябр доир гардида, меҳмонон бо самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ шинос гардиданд.
Муҳаммад Талҳа Маҳмуд ҳамчунин доир ба муносибатҳои дӯстонаи Покистону Тоҷикистон ҳарф зада, пешниҳод кард, ки дар Китобхонаи миллии Покистон дар қатори гӯшаи дигар кишварҳо гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон низ бунёд гардад. «Ба ин восита фарҳанги Тоҷикистон на танҳо ба мардуми Покистон, балки ба мардуми кишварҳои дигар, ки аз Китобхона дидан мекунанд, муаррифӣ мегардад», — иброз дошт Муҳаммад Талҳа Маҳмуд.
Мавсуф ҳамчунин таклиф намуд, ки дар шабакаҳои телевизионии Покистон намоиши филмҳои тоҷикӣ бо тарҷума ба забони урду ба роҳ монда шавад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба муносибатҳои муштараки байни ду кишвар сухан гуфта, иброз дошт, ки имрӯз барои рушди бештари ин ҳамкорӣ фазои мусоид фароҳам омадааст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






