НАТИҶАҲОИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМ АЗ ЧӢ ИБОРАТАНД? Дар ин бора корманди МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша меронад

Ноябрь 17, 2017 12:24

ДУШАНБЕ, 17.11.2017./АМИТ «Ховар»/. «Таърихи навтарини давлати тољиконро усулан ба ду давра ҷудо намудан мумкин аст: давраи то соли 1997 ва давраи баъд аз соли 1997-ум», — чунин мешуморад сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло ХОҶАЕВ дар як мақолаи худ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст.

Тавре мо медонем, Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 амалан пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худашон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI   Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардондани фирориён ба шумор мерафт. Бо мақсади иҷрои ин ниятҳои нек Сарвари  давлат ҳамчун Пешвои воқеии миллат намунаи ибрат ва  аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам оварданд ва  ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Мардуми кишварамон дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид гардида, ҳаёти осоишта ва корҳои созандагиро оғоз намуданд.

Минбаъд давраи барқарорсозии мамлакат шурӯъ гардид. Аз рӯйи  маълумоти оморӣ, соли 1997 сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат 83 дарсадро ташкил медод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ин дар назди худ мақсад гузоштанд, ки барои рушди мамлакат ба паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ муваффақ шудан зарур аст. Бо ҳамин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Барномаи давлатии паст намудани сатҳи камбизоатиро қабул намуд. Натиҷаи барномаи мазкур ин аст, ки сатҳи камбизоатӣ, тибқи маълумоти расмӣ, соли 2016  ба 32 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар шароите, ки давлат қарор дошт, ноил гардидан ба чунин нишондод дастоварди беназир аст ва ҷойи ифтихор аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи осоиштагиву сулҳу ваҳдат, муттаҳидии миллатамон мебошад ва таҷрибаи сулҳу ваҳдати ҷумҳурии моро имрӯз дар кишварҳои олам меомӯзанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

Яке аз ин самтҳо — раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти  коммуникатсионӣ  мебошад, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил буд. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тавассути нақбҳои Истиқлол, Шаршар, Шаҳристон, Хатлон, роҳҳои Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Қулма, Душанбе–Турсунзода, Душанбе–Қӯрғонтеппа кишвари азизамон бо давлатҳои ҳамсарҳад пайваст гардид. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ  бунёд шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатӣ таъмин гардид.

Самти дигари пешгирифтаи Сарвари давлати мо – таъмини  амнияти озуқаворӣ мебошад. Амнияти озуқаворӣ низ  ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешрафти соҳаи кишоварзиро пешбинӣ менамояд. Масалан, дар соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.

Дар дигар бахшҳо низ ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда истодаем. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шудааст.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳои ҷаҳон эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст. Ва истиқлолияти кишвари моро имрўз зиёда аз 150 давлати дунё ба расмият шинохтаанд ва дастгирӣ кардаанд,ки ин ҳама натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллатамон мебошад.

Бунёду барқарорсозии иншоотҳои муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва, дар маҷмӯъ, барои пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳҳои барқии обӣ дар кишвар садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда мешаванд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Пешвои миллати тоҷик дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаи кишвари маҳбубамон ба пешрафту комёбиҳо ноил гашта, мардумро ба фардои неки ватани азизамон дилпур сохтанд. Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Оғози корҳои барқарорсозии НБО-и “Роғун”, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтуда–1” ва “Сангтуда–2”, оғози татбиқи лоиҳаи “КАСА–1000”, таҷдиди НБО-и “Норак” мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор–Хатлон”, зеристгоҳи барқии “Хатлон”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб–Шимол”, ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳиии “Душанбе–2” бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе–2” бо иқтидори 300 мегаватт аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти хирадманду дурандеши худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту шаш соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд.

Неругоҳи барқии обии “Роғун” аз шаш чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди «гиливу сангӣ» дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ин неругоҳ бо иқтидори 3600 мегаватт «беш аз 17 миллиард киловатт соат» бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ҳоло дар НБО-и “Роғун”15000 нафар мутахассису коргар машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо кор ва фаъолият дорад.

Дар соли 2018  аввалин  агрегати НБО-и “Роғун” ба истифода  дода шуда,  агрегати дуюми он  моҳи апрели соли 2019  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва барои рушди минбаъдаи иқтисодии мамлакат шароит фароҳам меояд. Бо ин мақсад   Марказҳои барқу гармидиҳии  1 ва 2 дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа имкон пайдо шуд, ки шурӯъ аз 28 окябри соли 2017 маҳдудияти меъёри барқ дар фасли зимистон бардошта шавад. Ин комёбии бузургтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.

Дар бисту шаш соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

Самти сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон  ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон дод, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шаванд.  Сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармоя ҷалб карда шудааст.  Соли 2017 роҳи оҳани Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб — қитъаи Ваҳдат – Ёвон, роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва Восеъ – Ховалинг ба маблағи умумии се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд.  Имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди мамлакат ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи бевосита мебошад.  Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳаи дигар бо ҷалби сармояи бевоситаи ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ  намуда истодааст. Дар замони Истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 4000 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида,   бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд. Таъмиру азнавсозии мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маорифу тандурустӣ  ва фарҳанг мусоидат мекунад.

То даврони  истиқлолият дар Тољикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва теъдоди донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Дар замони истиқлолият 30 ҳазор нафар ҷавонони лёқатманди мо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкадаҳои олии кишварҳои  хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд ва барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Буҷети давлатӣ  соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ тасдиқ  шуд, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати љумњурӣ ва хусусан Пешвои миллат ба соҳаи сайёҳӣ  низ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам оварда мешавад. Ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани зерсохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст. Соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида  — Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд.

Дар даврони истиқлолият теъдоди аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардид. Соли 2018 теъдоди  аҳолӣ, аз рӯи пешбиниҳо, аллакай  ба 9 милён нафар мерасад.

Барои иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат назди меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанд, нерую ғайрати ҷавонон лозим аст.  Бо ибтикори  Президенти кишварамон соли  2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин таваҷҷӯҳу ғамхории беназир  дар ҳаққи  ҷавонон мебошад. Ҷавонони мамлакатамон худро пайрави Пешвои муаззами миллат шуморида,  дар самти ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бастаанд. Зеро озодиву Истиқлолият барои ҳар як фарди миллати тоҷик дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ  мебошад. Мо, ҷавонон минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳем, то ин ки сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор нигоҳ дошта шавад  ва ин неъмати бузурги миллатамонро  бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз  кунем.

Хулоса, созандагию  хирадмандии Сарвари давлат  дили мо, ҷавононро дар самти ватандўстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии   кишвари азизамон бо  кору пайкори созанда собит намояд.

 

                                                                              Ҳикматулло ХОҶАЕВ

                                                                 сармутахассиси Раёсати омӯзиши

                                                                 масъалаҳои амнияти минтақавии 

                                                                     Маркази тадқиқоти стратегии

                                                       назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад