Николай Патрушев, Котиби Шӯрои амнияти Россия: «Тоҷикистон дар шароити суботу осоишта қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 01.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо масоили ҳамгироии дуҷониба, пеш аз ҳама, дар соҳаи амният ва вазъи ҳамсони кишварҳои Осиёи Марказиро аз нигоҳи амният баррасӣ намудем. Зарур шуморида шуд, ки бо дарназардошти таҳдиду чолишҳое, ки барои аксари кишварҳо, аз ҷумла, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Тоҷикистон хатар доранд, талошҳо муттаҳид карда шаванд», — изҳор дошт Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
«Тоҷикистон қиёсан аз нигоҳи таърих чанде пеш бо таҳдидҳои террористӣ рӯ ба рӯ шуда, давраи вазнинеро аз сар гузаронд. Ҳоло Тоҷикистон дар шароити суботу осоишта қарор дошта, дар идома додани он бо талошҳои муштарак манфиатдор мебошад», — таъкид намуд Николай Патрушев.
«Зимни мулоқоти дирӯза бо Президенти Афғонистон дар Кобул мо доир ба масоили таъмини рушди устувори Афғонистон барои ҳарчи зудтар расидан ба сулҳу субот суҳбат кардем. Дар робита ба ин, мо омодаем ба Афғонистон дар мубориза бар зидди терроризм ва таҳдидҳо мусоидат намоем», — иттилоъ дод Николай Патрушев.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






