ҚОҲИР РАСУЛЗОДА, САРВАЗИРИ ҶТ: «СОЛИ 2018 ДАР ТОҶИКИСТОН 5 ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР МЕГАРДАНД»

Ноябрь 13, 2017 15:05

ДУШАНБЕ, 13.11.2017./АМИТ «Ховар»/. «Соли 2018 дар Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор мегарданд. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи саммити сарони давлатҳои узви ИДМ ва Конференсияи  байналмилалӣ оид ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» меравад», — иброз дошт имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукоти чорабиниҳои мазкур  Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи якҷояи кумитаи тадорукоти ин чорабиниҳо, ки имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Тавре Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ҳамзамон соли оянда дар Душанбе баргузории ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  дар назар дошта шудааст. «Аз ин рӯ, — зикр намуд Қоҳир Расулзода, — аъзоёни кумитаҳои тадорукот, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута  бо мақсади иҷрои  дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ҳамоишҳо бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешанд».

Вобаста ба ин дар ҷаласа Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов,  муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои об –фиристодаи махсуси Президенти ҶТ дар Панели сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ва дигарон оид ба рафти омодагии ниҳодҳои дахлдор  ба чорабиниҳои дарпешистода маълумот доданд.

Дар охири ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои   сари вақт ва бо сифати баланд  иҷро намудани корҳои омодагӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ноябрь 13, 2017 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд