«Қонун дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» кадом маҳдудиятҳоро муқаррар кардааст?», «Зимистони маъмулӣ дар пеш аст» — шарҳи матбуот

Ноябрь 2, 2017 15:20

ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мундариҷаи шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (30.10.2017, №223) аз мақолаҳо ва гузоришҳои зерин: «Такехико Накао: Иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона ва башардӯстонаанд», «Роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд», «Таблиғи ифротгароӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он», «Зимистон дар мекӯбад», «Пули миллӣ – ифтихори миллӣ», хабарҳо оид ба вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бо прокурори генералии ин кишвар Закир Гаралов, дар Душанбе баргузор шудани ҳамоиш оид ба сифати сармояи инсонӣ, инчунин дигар иттилооти ҷолиб иборат ёфтааст. Муаллифи мақолаи «Роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд» С.Фаттоҳзода оид ба Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро баён карда, навиштааст: «Дар раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарин аст. Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани хотираи таърихӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии миллӣ ифтихор кардан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ басанда нест».

Дар мақолаи «Таблиғи ифротгароӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он» оморҳои зерин оварда шудаанд: «Агар дар соли 2009 49,3 фоиз пурсидашудагон ишора карда бошанд, ки ба саволҳои динӣ аз рӯҳониёни маъруф ва имомхатибон посух мегиранд, пас дар соли 2016 шумораи онҳо то 9,7 фоиз коҳиш ёфт, вале теъдоди ашхосе, ки дар ин масъала ба интернет такя мекунанд, ба 42,9 фоиз расид. Яъне дар пахши ақидаҳои ифротгароӣ накши интернет хеле фаъол шудаву назорат намудани муҳтавои маводи он душвор гаштааст».

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (31.10.2017,№224) мусоҳибаи Сафаралӣ Мирзозода, муовини Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ бо хабарнигори нашрия Ф.Раҳмониён таҳти сарлавҳаи «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кӯшиши табаддулот даст дошт» пешкаши хонандагон шудааст. Мусоҳиб аз назари ҳуқуқӣ ба фаъолияти созмонҳои сиёсии динӣ баҳо дода, далелҳои ҳуқуқиро, ки тафтишот ҳамчун созмони террористӣ шинохта шудани ҲНИТ муайян намудааст, инчунин амалҳои ҷиноятии раиси ташкилоти террористии ҲНИТ М.Кабирӣ ва собиқ генерал А.Назарзодаро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ, бандубаст шудани кирдорҳои ҷиноятии хоинони ватану миллатро бо моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ нишон додааст. Ҳамчунин дар мусоҳибаи мазкур таъкид шудааст, ки он ҷиноятҳое, ки М. Кабирӣ содир кардааст, тибқи моддаи 129-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Федеративии Германия, моддаҳои 149 ва 313-и Кодекси ҷиноятии Туркия, моддаҳои 127, 128, 140-и Кодекси ҷиноятии Полша, моддаҳои 242, 249, 278-и Кодекси ҷиноятии Австрия, моддаҳои 104, 113, 124-и Кодекси ҷиноятии Белгия ва Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ» ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ ва тафсир мегарданд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (02.11.2017,№129) оид ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев хабари расмӣ нашр карда, аз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Ш.Зуҳуров гузориши матбуотӣ пешкаши хонандагон намудааст. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», «Дар бораи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон супорида шуданд. Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаҳои «Чаро оқил кунад коре, ки…» (дар бораи зарурати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо), «Ду мушкиле, ки монеи рушди китобдорӣ шудааст», «Маблағи дору ва хӯрокаи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ нокифоя аст», «Сарсонӣ барои эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ» (дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он) ва мусоҳиба бо сарлавҳаи «Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» кадом маҳдудиятҳоро муқаррар кардааст?» чоп шудаанд. Ба муносибати 110 — солагии нависанда Ҳабибулло Назаров ходими адабии нашрияи «Садои мардум» Ворис бо сарлавҳаи «Ку ҳабиби қиссаҳои обдор» оид ба эҷодиёти Ҳ.Назаров мақолаи ҷолиб навиштааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  «Минбари халқ» доир ба ҳамоиши вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (САRЕС), ки дар Душанбе бо сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд, мақолаи пурмуҳтаво нашр кардааст. Ҳамчунин дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо созмони бонуфузи молиявӣ – Бонки Осиёии Рушд, сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ара Баблоян ба Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди «Душанбе-Қӯрғонтеппа», тасдиқи Нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳо пешкаши хонандагон шудааст. «Зимистони маъмулӣ дар пеш аст» — бо чунин сарлавҳа хабарнигори нашрия мақола навиштааст. «Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии гидрометеорология ташвишҳои беҳудаи моро дар мавриди пешомади зимистони сахт дар кишвар аз байн бурд ва гуфт, ки бар асоси ҷадвали пешгӯии обу ҳаво зимистони соли 2018 дар ҳадди меъёрҳои хоси ин фасл хоҳад буд. Ҳамон гуна, ки зимистони гузашта (соли 2016) ҳаво начандон хунук буд, вале ба ҳадди лозим боронгариҳо дошт, имсол ҳам вазъи ҳаво дар ин фасл ба он ҳадд пешгӯи мешавад», — омадааст дар мақолаи мазкур.

«Минбари халқ» барои хонандагони худ мақолаҳои «Спиннер, бозии сабук, вале зарарнок», «Таъсири танзим ба зеҳни мардум», «Воридоти гандум зиёду истеҳсол кам», «Танҳо хӯрдан зарар дорад» пешниҳод кардааст, ки дар мавзӯъҳои муҳими рӯз иншо шудаанд.

 

 

Ноябрь 2, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад