Қонуни миллӣ ба тақлидкорию худнамоӣ ҷой намегузорад
ДУШАНБЕ, 24.11.2017/АМИТ «Ховар»/. То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ нигаронкунанда буда, бо сабаби густариши зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динӣ ва ахлоқии шаҳрвандон ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд. Ин нукта дар ҷамъомаде, ки 24 ноябр дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир шуд, баён гардид.
Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ гуфт, таҳлилҳои илмӣ, воқеӣ ва маълумоти оморӣ собит намуданд, ки аксари мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди танқисии иқтисодӣ, ба нангу номус, тақлидкорӣ, худнамоӣ ва дигар эҳсосот фурӯ рафта, ба манфиатҳои шахсию оилавӣ ва буҷети хонаводагии худ зарар мерасонданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 ба таври нишонрас зикр карда буданд, ки «қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасанд».
Зикр шуд, ки қонуни миллӣ, ки соли 2007 қабул гардид ва дар соли равон ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ҳадафаш баланд бароштани сатҳи иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон ва дар ин росто ғанӣ гардонидани буҷети хонаводаҳо мебошад.
Таъкид гардид, ки қонуни миллӣ мутобиқи муқаррароти ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои аҷдодонамон тарҳрезӣ гардидааст. Қонуни миллӣ дар самти танзими маъракаи хатнасур, маросимҳои азодорӣ, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ дар маъракаю маросимҳои оилавӣ, таҳким бахшидани вазифаҳои комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, вазнин намудани ҷавобгарии ҳуқуқии вайронкунандагони қонун, бахусус шахсони мансабдор, кам кардани забҳи чорво нақши муассир мебозад.
Тағйироти ба қонун воридшуда тағйироти одӣ набуда, балки қадами навбатии ислоҳот ба раванди рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат аст.