«Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам!»- силсиламашқҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиламашқҳои оммавӣ–варзиширо ба нақша гирифтааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд,
тадбирҳои оммавӣ-варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи  пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам!» 24 ноябр доир мегарданд.

Мақсад аз баргузории машқҳои мазкур таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ гардид. Сокинон метавонанд дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки аз соати 6:30 то 7:30 дар саҳни шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мешаванд, ширкат намоянд.

Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ аз гардиши майдони Товус  то Наврӯзгоҳ  дар масофаи 3,5 км аз соати 12:00 то 14:00 гузаронида мешаванд.

Ноябрь 21, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд