Парчами Тоҷикистон ифодагари истиқлол, нангу номус ва ватандӯстию ҳувияти миллии тоҷикон аст

Ноябрь 23, 2017 08:15

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Тоҷикон аз аҳди  бостон соҳибпарчам буданд. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, баён дошт. Вакили Парлумони кишвар афзуд, ки агар ба таърихи давлатдории ниёгонамон назар афканем, мебинем, ки тақрибан панҷ ҳазор сол қабл,  шурӯъ аз давраи Каёниён аҷдодонамон соҳиби парчам буда, дар  даврони шоҳ  Заҳҳок бори  нахуст  Коваи оҳангар бо нишони эътироз ва дифоъ аз озодию истиқлолият  пешдомани худро дар нӯги найза баста, парчам мекунад. Дар маҷмӯъ, парчам ифодагари иттиҳоду ҳамбастагии мардум, давлатдорӣ ва ифтихору сарбаландии  миллатамон  мебошад.

То ҷое мусаллам аст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат дод. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоту идораҳои давлатӣ, дар болои биноҳо ва нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, дар дидбонгоҳҳои марзию гумрукии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  афрохта мешавад.

Аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ таҷлил мегардад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди  мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат  буда, ранги сабз —  сарсабзӣ, сафед роҳи сафед,  хушбахтӣ, иқболи наку  ва ранги сурх озодӣ ва соҳибистиқлолист. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва  Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои  давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии як миллат ва як давлати воҳид  шаҳодат медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуда, он ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Дар маросими ботантана ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес» Дэвид Чемберс гувоҳнома супорид. Дар расми барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, Парчами давлатиро «ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии  тоҷикон» унвон намуда буданд. Ҳамзамон  Сарвари давлати Тоҷикистон дар маросими барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон  таъкид карданд, ки «сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлатӣ сарҷамъу муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии сарзамини Тоҷикистон саъю талош менамоянд».

 Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар яке аз мавзеъҳои зебои Душанбе  доман густурдааст ва имрӯз ин мавзеъ «Боғи Парчами миллӣ» ном бурда мешавад,  ба дили одамон неру бахшида,  иродаи мардумро қавитар месозад ва ҳисси худшиносию ифтихор аз ватанро дар ниҳоди сокинони кишвар афзун мегардонад. «Боғи Парчами миллӣ» на танҳо ба  сайргоҳ ва ҷои тафреҳи сокинону меҳмонони кишвар,  балки ба макони ифтихор аз  имрӯзу фардои дурахшони сарзамини Тоҷикистон табдил гардидааст.

Соли гузашта дар Рӯзи парчами давлатӣ  беш аз 35 ҳазор нафар донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар Парчами давлатиро дар хиёбони марказии пойтахт ва майдони назди Парчами давлатӣ барафрохтанд, ки он ифодагари ватандӯстӣ ва ифтихори ҷавонони тоҷик  аз муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ мебошад.

                                                            Марзия САИДЗОДА

                                                                   АМИТ «Ховар».

Ноябрь 23, 2017 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад