«РӮЙДОДЕ, КИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТРО ДИГАРГУН СОХТ…”. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз ФАТТОҲЗОДА дар бораи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2017 14:36

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Яке аз ин саҳифаҳои дурахшон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз  25-умин солгарди  ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахшро таҷлил менамоем.

Барои миллати тоҷик баргузории ин рӯйдоди фараҳбахш воқеан ҳам тақдирсозу сарнавиштсоз аст, зеро он Тоҷикистони тозаистиқлолро аз вартаи нобудшавӣ нигаҳ дошт, заминаҳоеро барои рушди минбаъдаи ин миллату давлат фароҳам овард. Ба ин рӯйдоди таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои воқеӣ дода, зикр  намудаанд:  “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд”.

Воқеан ҳам барои таъмини ваҳдати миллӣ қадами нахустину устувор дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Зеро Тоҷикистон дар коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд ва хатари азбайнравии давлати соҳибистиқлол вуҷуд дошт. Соҳиб шудан ба истиқлолият ва муттаҳидӣ зери парчами кишвари соҳибихтиёр орзуву ормони садсолаҳои тоҷик буд. 9 сентябри соли 1991 ин неъмати бебаҳо ба даст омад. Аслан, баъди соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои асосии давлату миллат- ин комил намудан, ҳифзу таҳким бахшидани истиқлолият маҳсуб мешуд. Аммо, душманони истиқлолият хостанд аз солҳои аввал ба решаи он теша зананд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, ки он ҳар лаҳза хатари аз байн рафтани Истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила, маҳви миллату давлатро пеш меовард. Тасмим гирифта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро баргузор намоянд ва яке аз масъалаи асосӣ, ки дар он бояд матраҳ шавад, ба таври оҷил пешгирӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ буд. Бо пешниҳоди иддае аз равшанфикрон тасмим гирифта шуд, ки онро дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор намоянд ва ҳамин тавр шуд.

Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, зеро беҳокимиятӣ, набудани сарвар, пешвои раҳнамову раҳкушо боиси пайдо шудани гурӯҳҳо гардида, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехт. Ба симмати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоби оқилона буд. Вакилон ба хубӣ медонистанд, ки барои бартараф намудани вазъияти ҳассоси кишвар дар садри он нафаре лозим аст, ки пеш аз ҳама, иродаи қавӣ, дониши баланд, ҷасорат ва матонати худодод дошта бошад ва ҳамин гуна  хислатҳоро дар Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанду хато накарданд.  Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини ба вазифа шурӯъ намудан масъулияти бузургро ба худ гирифтанд, қатъ кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ, даст ёфтан ба ваҳдату сулҳи поянда. Сухане, ки Сарвари давлат он лаҳзаҳо ба забон оварданд: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” ҳамватанонро тасхир кард ва умедҳои мурдаро аз нав зинда намуд. Барои ноил шудан ба ин мақсад Сарвари давлат ҳатто андешаи ҷони худ накарданд. Музокироти тӯлонӣ, дар кунҷу канори олам, ҳатто дар минтақаҳои ноамн (Афғонистон) бозгӯи иродаи қавии Сарвари давлат буд, ки барои ояндаи неки миллату давлат анҷом дода шуд. Ниҳоят муяссар гардид, ки соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расад ва сулҳи деринтизор дар Ватани маҳбубамон танинандозӣ намояд.

Баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба сарзамини аҷдодӣ аз ҳадафҳое буд, ки Сарвари хирадманду дурандеш дар пайи амалисозии он боварии халқ нисбат ба ҳукумат ва роҳбари онро дучанд намуд. Акнун халқи шарифи Тоҷикистон дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гаштанд ва дар дастҷамъӣ миллати парешонро ба ҳам оварда, марҳилаи рушду пешрафтро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам карданд. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад ва он барои халқу миллат сарнавиштсоз ва тақдирсоз аст. Ин рӯйдоди таърихӣ имкон дод, ки Истиқлолияти давлатӣ комил гардида, сулҳу ваҳдати миллӣ ба вуҷуд ояд. Ва имрӯз ҳифзу таҳкими ин арзишҳои нодири миллат – Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои асосии мову Шумо маҳсуб мешавад. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ қайд намуданд: Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати ҳуқуқбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар яки мост, ки ин дастовардҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем”.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат аҳамияти махсус дошта, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки роҳбари арзандаву раҳнаморо ба халқ ато фармуд. Ва бо сарварии ӯ хатари аз байнравии халқу миллат пешгирӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ барқарор гашт. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия замина барои қабули Конститутсия ба вуҷуд омад, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ унвон кардааст. Яъне, Иҷлосия роҳеро барои ба эътидол овардани кишвар тарҳрезӣ кард ва муҳимтар аз ҳама, халқи кишварро барои расидан ба мақсади асосӣ – сулҳу ваҳдат раҳнамоӣ намуд. Умаман, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти баланди сиёсӣ ва таърихиро соҳиб аст. Ва агар онро бо як ҷумла ифода кунем: “Рӯйдоди сарнавиштсоз барои миллати тоҷик” маҳсуб мешавад.

 

  Сарфароз ФАТТОҲЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар вилояти Суғд

Ноябрь 16, 2017 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур суханронии Президенти Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи Дониш дастҷамъона тамошо намуданд
«БО АТЛАСУ АДРАСУ ЧАКАН ЯКТОӢ». Либоси миллӣ байни тӯфонҳои шадиди ҳазорсолаҳо ба ин покӣ ҳифз гардид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар босуръат идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад