ШСХК “Барқи тоҷик” дар бораи лоиҳае, ки талафоти нерӯи барқро кам месозад…
ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ “Ховар”/. “Ҳоло дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, беҳдошти замину обтаъминкунӣ ва дигар соҳаҳои вилояти Суғд татбиқи 23 лоиҳа идома дошта, то имрӯз қариб 2,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст”,- таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 18 ноябри соли 2017. Яке аз ин лоиҳаҳои манфиатбахшу бобарор «Кам намудани талафоти неру дар Суғд» ба шумор меравад
Зимни татбиқи ин лоиҳаи муҳим, ки он аз тавассути Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти неруи барқ” аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” амалӣ мешавад, бобати кам шудани талафоти неруи барқ ва саҳеҳияти ҳисобу китоби барқи истифодашуда натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд. Дар ин бора ШСХК “Барқи тоҷик чунин изҳор медорад:
Ҳадафи асосии лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар Суғд», ки бо маблағи 35,8 миллион доллари амрикоӣ бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи аврупоӣ татбиқ мегардад, сарфаи барқ, кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, ба танзим даровардани пардохти ҳаққи барқи истифодашуда тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ мебошад.
Лоиҳа аз таҳвил ва насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ, танзими технологии низоми гирифтани нишондоди ҳисобкунакҳо ва қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқии Хуҷанд ва атрофи он иборат аст. Таҷдиди қисме аз шабакаҳои барқии шиддати миёна ба воситаи иваз намудани як қисми хатҳои ҳавоӣ ва зеризаминии интиқоли барқ, сохтмони зеристгоҳҳои “Ваҳдат”110/10 кВ ва “Темурмалик” 110/10 кВ ва якчанд истгоҳҳои трансформаторӣ ба роҳ монда шудааст.
20 октябри соли 2015 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи “Ваҳдат”110/10 кВ ба истифода дода шуд. Ҳоло барои бунёди зеристгоҳи “Темурмалик” 110/10 кВ корҳои тайёрӣ оғоз ёфтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳо ва барномаву технологияҳои муосир татбиқ намудани чунин лоиҳа дар низоми ШСХК “Барқи Тоҷик” бори аввал амалӣ карда шуда, лоиҳаи таҷрибавӣ ба ҳисоб меравад.
Гарчанде лоиҳаи мазкур ҳанўз пурра ба итмом нарасидааст, вале аллакай натиҷаҳои манфиатбахш ба бор овардааст. Аз ҷумла, дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) сатҳи ҷамъоварии маблағ аз 94 ба 101,4% расонида шуд, талафоти неру аз 18,4% ба 12,8% (дар минтақаҳои алоҳида ба 5,9%–8,6%) расонида шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта ба 6-12% камтар мебошад.
Дар амал татбиқ шудани ин лоиҳа омили дахолати инсонро ба ҳисобу пардохти барқ батадриҷ барҳам дода, натиҷагирии масрафи барқро пурра автоматӣ менамояд. Ин аст, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 9 нафар расонида шуд, ки нафарони мазкур низ пас аз анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа ихтисор карда мешаванд. Аз ҳисоби кам шудани маоши нозирон ва назоратчиён, инчунин пардохтҳои ба онҳо алоқаманд дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар як сол маблағи 1 млн 431 ҳазору 636,98 сомонӣ сарфа шуд. Лоиҳа бобати таъмин намудани муштариён бо барқи хушсифат ва эътимоднокии таъминоти барқ мусоидат менамояд. Баробари татбиқи лоиҳа шикояту эродҳо аз муштариёни барқ, алалхусус муштариёни маишӣ оид ба қатъшавии барқ ва дигар масъалаҳои ба шабакаҳои барқӣ алоқаманд қариб пурра барҳам хӯрдаанд.
Вобаста ба ҳамаи ин, манфиати иқтисодии татбиқи лоиҳа низ хеле назаррас мебошад. Масалан, дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд тарифи миёнаи неруи барқ (маблағи ҳисобишудаи ҳар як киловатт.соат неруи барқ), ки соли 2015 17,19 дирамро ташкил медод, дар нимсолаи аввали соли 2017 ба 21,17дирам баробар шуд. Ин нишондод нисбат ба соли 2015 ба қадри 3,98 дирам ва ё 23,15% баланд мебошад. Яъне, агар 16,5%-и баланд гардидани тарифи миёна аз ҳисоби баланд бардоштани тариф бошад, 6,65%-и дигар бевосита натиҷаи мусбати лоиҳа аст. Ба ғайр аз ин, хароҷоти молиявӣ аз ҳисоби таъмири ҷориву асосӣ, хариди таҷҳизоти барқиву сохтмонӣ ва дигар масрафҳои ба онҳо алоқаманд, ки соли 2015-ум 2 млн 716 ҳазору 510 сомониро ташкил медод, алҳол ба маблағи 1 млн 204 ҳазору 060 сомонӣ кам гардидааст. Ба ҳисоби умумӣ, пас аз татбиқи лоиҳа, аз ҳисоби натиҷаҳои зикршуда танҳо дар нимсолаи аввали соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд 9 млн 989 ҳазору 183, 21 сомонӣ сарфа гаштааст.
Аз таҳлили манфиати як лоиҳа мо мебинем, ки ҳам муштариёни неруи барқ ва ҳам ниҳоди энергетикӣ чӣ қадар манфиати муштарак мебинанд. Дар ин фазои ваҳдату озод мо бовар дорем, ки маблағгузориҳо зиёд мегарданд ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти неру” имконият пайдо менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ татбиқи чунин лоиҳаҳои манфиатбахшро, ки таъминоти барқро хуб ва талафоти онро кам мегардонанд, дар дигар мнтақаҳои кишвар идома диҳанд.
Маркази матбуоти
ШСХК “Барқи Тоҷик”