Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар Симпозиуми сатҳи баланд “Ҳамбастагии ҷаҳонии энержӣ: пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор” суханронӣ кард

Ноябрь 2, 2017 08:53

ДУШАНБЕ, 02.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 1 ноябри соли 2017, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк (ИМА) Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Симпозиуми сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамбастагии ҷаҳонии энержӣ: пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор”, ки бо ташаббуси Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (UN DESA) баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндаги доимии ҶТ дар СММ хабар доданд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов  яке аз панелҳои чорабинии мазкурро раисӣ намуда, зимни ҷаласа оид ба иқтидору зарфиятҳои энергетикии Тоҷикистон ва аҳамияти рушди соҳаи мазкур барои кишвари мо маълумот дод.

 

 

Ноябрь 2, 2017 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ