«Таҳкими волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо»- ҳамоиши миллӣ дар Душанбе

Ноябрь 3, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Форуми сеюми  миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати адлия, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, намояндагони  вазорату идораҳои дахлдор, ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони Форуми сеюми миллӣ нахуст мавзӯи «Таҳкими волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар Форум Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки «ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ карда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, ки мавзӯи марказии баррасии Форуми имрӯза мебошад, қабл аз ҳама, аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад».

Дар Форум ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шуд. Ин рӯйдод дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш маҳсуб шуда, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид.

Иштирокдорони форум зимни  маърӯза таъкид намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ асосҳои муосири фаъолияти қонунгузорӣ таъсис ёфта,  дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ беш аз 350 қонун дар соҳаҳои мухталифи қонунгузорӣ, аз қабили гражданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнат, экологӣ, молия, маъмурию ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ, ҷиноятӣ ва ғайра таҳия ва аз лиҳози меъёрӣ таъмин карда шуданд.

Баъд аз танаффус иштирокдорон вобаста ба манфиатҳои худ барои муҳокимаи тавсияҳо зимни натиҷаҳои Форуми қаблӣ ва мушаххас намудани вазъияти тавсияҳои қаблӣ ва ҳамчунин муайян намудани на зиёда аз панҷ мушкилот ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шуданд. Ҷаласаҳо дар гурӯҳҳои корӣ бо муаррифиномаҳои намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва коршиносони мустақил оғоз гардида, то бегоҳ идома меёбанд.

Хотиррасон менамоем, ки баргузории ҳамоиши мазкур идомаи Форуми якуми миллии волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва дуюми он дар соли 2016  буда,  барои  муттаҳид намудани ҳамаи ҳуқуқшиносони кишвар, фароҳам овардани пойгоҳи ягона дар самти муайян намудани афзалиятҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат ба волоияти қонун, инчунин дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Форуми мазкур майдони самаранок барои ҳамкорӣ байни намояндагони мақомоти давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, инчунин муколама бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, бешубҳа, ба таҳкими қонуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусоидат мекунад.

Созмондиҳандагони Форум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ташкил гардидааст.

 Рухсораи НУР

Ноябрь 3, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд