ТАХАЛЛУСИ «ИСТАРАВШАНӢ»-РО АЗ НОМИ САЙИДЮНУС БИГИРЕД! Номаи кушод ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ

Ноябрь 1, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 01.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар ҳафтаномаи «Паёми Истаравшан» №40 (9250) аз 20  октябри соли 2017 мактуби кушоди гуруҳе аз сокинони ин шаҳр ба номи Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дарҷ шудааст. Яке аз муаллифони ин номаи кушод Илҳом Юлдошев дар оғози нома сабаби нигошта шудани ин номаро  низ ифшо кардааст.

Ҳамагон медонанд, ки имрўзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш  борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷўёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки  ў  бо интихоби  лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад.  Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон  мо  — як гурўҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда,  асли ин шахсро барояшон  тавзеҳ диҳем.

Баъди иншои нома  гурўҳи мазкур банда — Юлдошев Илҳом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам. Онҳо бароям роҳпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва  ман рўзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017  озими шаҳри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигоҳ накарда,  соати 14.00  ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хоҳиш кардам, ки ба ҷаноби сафир хоҳиши маро расонанд. Баъди чанд дақиқа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохўриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурўҳи сокинони шаҳри Истаравшан ба   ҷаноби сафир    номае дорам, ки тибқи хоҳиши аксарият  онро бояд  шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изҳор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф ҳастанд ва Шумо бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон  мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»…

Ба ин рақам занг задам, аммо натавонистам бо касе пайваст шавам. Маҷбур шудам   боз ба Сафорат равам. Боз ҳамон нафар  маро қабул кард ва гуфт, ки «рақами телефон иштибоҳ шудааст ва дар асл ин рақам 48888610 мебошад. Ҷаноби сафир ҳоло нестанд, давоми рўз занг занед, натиҷаашро ба Шумо хоҳанд гуфт». Рўзи дигар занг задам, нафаре аз кормандони эронии Сафорат гўширо гирифт ва чун мақсадамро изҳор кардам, посух дод, ки «Ҷаноби сафир  хеҷ касро ба ҳузур намепазиранд. Ман бошам, вақт надорам. Ҳоло як корманди тоҷики Сафоратамонро даъват мекунам,  то арзи Шуморо бишунавад»…

Чун дидам муроде ҳосил намешавад, ҳайрону музтар  мусофиркашеро кироя намудам, ду ағбаю ду нақбро гузашта, хастаю бемадор  ба шаҳри Истаравшан баргаштам.

Дар роҳ як фикр ҳеҷ оромам намегузошт, ки «чаро сафири  кишвари бузург, танҳо дар Душанбе фаҳмидам номаш оғои Фағонӣ будааст, як омўзгори одиро, ки бо хоҳиши гурўҳи шаҳрвандон наздаш омадааст, қабул намекунад, вохўриро бо ў ор медонад, вале дар мамлакаташ  Кўри Юнусро, ки давлати ҳамдину ҳамзабонашонро пайваста сиёҳ мекунад,  дар сатҳи болотарин  пазируфта, шароити кору зиндагиашро дар қаламрави кишвар фароҳам месозанд. Ин чӣ муаммост?»

Чун ба шаҳри Истаравшан расидам, ба сокинон вазъро фаҳмонидам ва тасмим гирифтем, ки номаро дар расонаҳо нашр кунем. Шояд ҷаноби сафир вақт пайдо намуда онро мутолиа мекунад. Боқӣ қазоват аз онҳост”.

БА САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХУҶҶАТУЛЛОҲ ФАҒОНӢ

Муҳтарам ҷаноби сафир!

Аввалан, мо — муаллифони нома салому паёми худро аз номи сокинони шаҳри Истаравшан, ки баёнгари андеша ва раъйи онон мебошем, ба Шумо ва дар симоятон ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон арза медорем.

Истаравшаниёнро бо мардуми Эрон таърих ва фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад. Ин муштаракот водор месозад, ки хомўшӣ ихтиёр накунем ва бо ин нома рў ба Шумо орем. Намедонем то кадом андоза муроҷиати мо боиси пазироиятон қарор мегирад, вале навиштани ин нома ва бад-ин васила шикастани оромии бадтар аз марг, ки тўли солҳои зиёд давом дорад, қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мост.

Ҷаноби сафир! Шумо ва ҳар фарди рўшанзамири Ҷумҳурии Исломии Эрон таърихи шаҳри бостонии Истаравшанро хуб медонед. Он яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шаҳри азими вилояти Суғд аст, ки таърихи зиёда аз 2500-сола дорад. Шояд шумо инро ҳам хуб медонед, ки асосгузор ва меъмори ин бостонзамин Куруши Кабир буда, шаҳр бо номҳои Курушкадаву Киропол (асрҳои 529—559 пеш аз милод) шӯҳрат ва маҳбубияте миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷи он дорад. Маҳз ин шаҳр ва мардуми шуҷоъу меҳанпарасташ ба  ҳуҷумҳои пайдарҳами Искандари Мақдунӣ муқобилиияти шадид нишон доданд. Ин сарлашкар дар ин сарзамин маҷрўҳ гардид ва танҳо бо макру ҳила, муҳосираи дурудароз ва баъди овардани нерўҳои иловагӣ вориди Киропол гашта буд.

Новый рисунок (1)Шояд инро ҳам хуб медонед, ки мардуми баномус ва далери Истаравшан даҳсолаҳо алайҳи арабу муғул мубориза бурдаанд. Шумо шояд ёдномаҳои фармондеҳони русро дар мавриди ҳаштод рўзи пайкори мардуми далери Истаравшан алайҳи лашкари Русияи подшоҳӣ ( аз 2 октябри соли 1866), мутолиа карда бошед. Пайкор дар роҳи покии дину оин ва номи неки ватан, пос доштани рўҳи аҷдоди мубориз хамеша шиори истаравшиниён буд, ҳаст ва мемонад.

Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ўротеппа) ватани бузургони илму адаб чун Шиблӣ, Шаҳдӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, академикҳо Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Улмас Мирсаидов, Пўлод Бобоҷонов, Хуршеда Отахонова ва қаҳрамонони арсаи кору пайкор Набӣ Акрамов, Камол Охунов, Сабоҳат Ҷамолова ва садҳои дигар аст, ки на танҳо боиси фахри ҳамдиёрон, инчунин кишвару хориҷи онанд.

Ҷаноби сафир! Гумон мекунем шумо ҳадафи моро аз ин муқаддима дарк кардед. Мо мехоҳем, ки хокамон, ватанамон чун забонамон, ки орӣ аз тасаллути олоишҳост, пок аз онҳое бошад, ки мехоҳанд бар домони мардуми диёрашон доғ гузоранд. Инро мехоҳем тавассути Шумо ба онҳое, ки лофи ҳамзабонию хамдиниву ҳамфарҳангӣ зада, чун воизон дар минбар якею паси парда ҳарфҳои дигар мегўянд, бирасонем.

Акнун ба сари мақсад меоем. Сухан дар бораи Сайидюнус Бурҳонов ном шахсе меравад, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паноҳ бурдааст ва бо истифода аз тахаллуси Истаравшанӣ мардуми моро бадном месозад. Мо ба ақидаи ў, роҳу равиши ў, ҳадафҳои нопоки ў кор надорем. Вале намехоҳем ва нахоҳем гузошт, ки бадгуҳаре бо бори накбати худу аҷдод номи поки Истаравшан — сарзамини мардуми меҳанпарасту покизаимонро доғдор созад. Мо намехоҳем нохалафу луъбатаки дасти дигаронро кишвари ҳамдину ҳамзабоне чун Эрон намояндаи миллати мо, шаҳри мо донад ва истифода аз ў кунад.

Истаравшаниён имрўзу дирўзи Сайидюнус Бурҳоновро хуб медонанд ва мехоҳанд, ки Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон низ онро донанд.

Бобои Сайидюнус — Бурҳон дар замони қаҳтию гуруснагӣ, ки мардум нони хўрдан надошт, вазифаи мудири анборро бар дўш дошт. Ба иқтизои нафси бад гандум медуздад ва ба хотири рўпўш кардани афъоли ноҷо анборро оташ мезанад. Барои ин амал ўро ҳабс ва даҳ сол ба Сибир бадарға месозанд.

Мева аз дарахт дур намеафтад. Падари Сайидюнус Аббос низ миёни мардуми Истаравшан бо аспдуздӣ «шуҳрат» дорад. Ў аспҳоро дар Тоҷикистон дуздида, дар кишвари ҳамсоя мефурўхт. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Сайидюнусе, ки мехоҳад номи Истаравшанро доғдор кунад, кист, бо як овоз мегўянд: “Аббоси аспдузд”. «Писар чӣ гуна, падар намуна», — мегўяд мақоли мардум.

Сайидюнус, ки аз камсаводӣ натавонист таҳсилро дар омўзишгоҳи касбӣ идома диҳад (аз ин даргоҳ ронда мешавад), роҳи осонро интихоб менамояд ва аз «баракат»-и замона мулло мешавад. Ў бо фиреб духтари устодаш мулло Маъруфро ба занӣ мегирад ва ҳамсарашро ба тўдаи тундгароёни салафӣ ҷалб месозад. Ин зани соддаи фиребхўрда дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба маҳбас афтода, дар ғурбат, дур аз фарзандон ғамбемор дар зиндон ҷон медиҳад. То ҳол хешу табори ин зани ба доми фиреб афтода дар ҷустуҷўи Сайидюнус Бурҳонов ҳастанд, ки дар диёри мо бо номи “Кўри Юнус” хам маъруф аст.

Фитнахои ин «дўст»-и кишвари Шумо бо ин анҷом намеёбад. Ў бо фиреб Сангова Сумаяи 17-сола, сокини Истаравшанро барои таҳсил ба Қуми Эрон мебарад. Ҳанўз замони дар зиндон будани зани аввалаш ин духтари дар мусофират танҳою раҳгумзадаро бо ваъдаи хонаи ободу зиндагии хуш ба никохи худ медарорад. Як сол бо ў зиндагӣ карда, соҳиби духтар мешавад. Муддате пас Сайидюнус аз Сумая ҳам ҷудо мешавад. Ҳоло ин зан бо кўдакаш бесоҳибу ҳайрон ва сарсону саргардон аст.

Сайидюнуси мулломаоб ҳангоми дар Тоҷикистон будан ба тиҷорати маводи мухаддир машғул шуда, бо ҳазор найранг хешу таборашро ҳам ба ин кор сафарбар намуд. Ба хотири пулу сарват бародараш Бурҳонов Юсуф Аббосовичро ба қочоқи маводи мухаддир ҷалб кард ва охирин беш аз 5 сол пушти панҷараи зиндон қарор дошт. Бародари дигараш — Бурхонов Мансур Аббосовичро барои тахсил ба Мозандарони Эрон фиристод, ки соли 2002 бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятҳои бо экстремизм алоқаманд ба муддати 12 сол аз озодӣ махрум гашт. Баъдтар авф гашта бошад ҳам, ба қочоқи маводи мухаддир даст зада, бори дигар ба маҳбас афтод.

Тавре мебинем, Сайидюнуси Истаравшанӣ на онест, ки худро дар шабакахои интернетӣ аз Эрон ҷилва медихад. Ў онест, ки Ҳофиз гуфта:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Ҷаноби сафир! Умедворем, ки Шумо чеҳраи Сайидюнус Бурҳоновро, ки чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣ алаф хўрда, аз ҷониби соҳиби охур ба майдони шабакаҳои интернетӣ ба «ҳарбу зарб» андохта шудааст, хуб шинохтед.

Сити муоҳадаи дўстиву бародархондагӣ дар байни кишварҳои мову Шумо то ба фалак равад ҳам, ба ин наздикиҳо ин сутур сар аз охур бардоштанӣ нест. Мутаассифона, соҳибонаш ҳам ҷонвари камхарҷро дигар раҳо карданӣ нестанд!

Боиси таассуфи мо, сокинони Истаравшан аст, ки ҷойи аҳли фазли кишварҳои моро, ки тўли таърих тавассути офаридаҳои Рўдакиву Фирдавсӣ ва Ҳофизу Саъдӣ суҳбатҳо доштанд, ҳамакнун Сайидюнус (Кўри Юнус, бачаи Аббоси аспдузд) аз авлоди ниҳоят бадномшудаи Истаравшан гирифтааст!

Ҷаноби сафир! Бигзор Сайидюнус Бурҳонов нависад, гўяд, ҳарчи ихтиёри хоҷагонаш аз сарзамини Эрон бошад, онро кунад. Ҳадаф аз номаи мо танҳо як чиз аст: номи Истаравшани азизи мо, ки ифтихор аз қаҳрамонӣ, меҳанпарастӣ, фазилату маърифати фарзандонаш дорад, аз исми Сайидюнус – зодаи хонадоне, ки бобояш ба ҷурми дуздии нони мардум, падараш ба аспдуздӣ, худаш муҷиби ҷон додани зане дар маҳбас, занҷаллобӣ, дар нимароҳ монондани ҳамсару фарзанд, сабабгори бо экстремизму қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудани бародарон гаштааст, бардошта шавад.

Ба он далел ки Сайидюнус Бурҳонов дар паноҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, Шумою руасои кишвари Эронро хосторем дар кори хайр – гирифтани тахаллуси «Истаравшанӣ» аз номи Сайидюнус мусоидат намоед.

Новый рисунок (2)

 

Бознашр аз ҳафтаномаи

«Паёми Истаравшан»

№40 (9250) аз 20.10.2017 с.

 

Ноябрь 1, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад