Театрҳои лӯхтаки Душанбе ва Тошканд ҳамкориро таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 8.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши ҷамъбастии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба тамошобинони театр намоиши «Корвон-сарой» пешниҳод гардид. Намоиш аз рӯи асари И. Лукянова ва Д. Юлдошев дар таҳияи Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исҳоқ Яқубов рӯи саҳна омада, дар бораи суннату анъанаҳои ҳунари лӯхтакбозии ӯзбек ба воситаи санъати муосири театрӣ нақл мекунад.
Бояд зикр намуд, ки намоиши мазкур тӯли ду ҳафта манзури тамошобинони хурдсоли тоҷик гардид.
Роҳбари бадеии театр Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фатҳулло Хоҷаев изҳор дошт, ки ин аввалин сафари расмии театри мазкур ба шаҳри Душанбе мебошад.
«Аз пазироии гарму ҷӯшони мизбонон сарамон ба осмон расид, — гуфт Фатҳулло Хоҷаев. -Халқи тоҷик хеле меҳрубон, хоксор ва ҳамеша ба ёрӣ омода мебошад. Сафари мо роҳи бузурги ҳамкориро боз кард. Моро ба фестивали байналмилалии навбатии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» даъват намуданд, ки аҳли театр онро бо хурсандӣ қабул кард».
Ҳамчунин Ф. Хоҷаев иброз дошт, ки бо роҳбарияти Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе оид ба сафари навбатӣ бо намоиши нав суҳбат кардаанд. «Мо аҳли театри лӯхтаки шаҳри Душанберо ба театри лӯхтаки шаҳри Тошканд даъват намудем ва онҳоро бесаброна интизор хоҳем шуд»,-гуфт дар фарҷом меҳмон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






