Тоҷикистон ва Япония баргузории анҷуманҳои соҳибкориву нишастҳои солонаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Иттиҳодияи Япония оид ба савдо бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), ҳамзамон раиси Шӯрои мудирони ширкати «Kawasaki Heavy Industries» Шигэру Мураяма 1 ноябр баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни он доир ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, рушди робитаҳои соҳибкориву иқтисодӣ, инчунин роҳҳои таҳкими минбаъдаи ин самтҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафири Тоҷикистон бо ҷалби диққати ҳамсуҳбаташ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузории японӣ имкониятҳои муносиб мавҷуд буда, тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок метавонад барои сармоягузорони японӣ судбахшу ояндадор бошад.
Зарурати фаъол намудани роҳҳои гуногун барои густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла, ташкили анҷуманҳои соҳибкориву нишастҳои солона, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни РОТОБО ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр карда шуд.
Дар охир ҷонибҳо омодагии хешро барои идома бахшидани кӯшишҳои муштарак баҳри рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ, саноатӣ ва технология иброз намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






