ВОРИСОНИ СИНО АЗ ҚИРҒИЗИСТОН. Гурӯҳи тоҷикписарони ин кишвар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, ба назди волидайни худ баргаштанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи тоҷикписарони кишвари Қирғизистон бо сарбаландӣ Донишгоҳи тиббии Точикистон ба номи Абӯали Ибни Синоро хатм намуда, бо дипломи духтурӣ ба назди волидайни худ баргаштанд. Дар ин бора муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, сардабири нашрияи «Паёми Ала Тоо» (Бишкек) Қодиршои Мурувват дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст. Ӯ дар идома менависад:
Ин ҳама имконот дар чаҳорчӯби барномаи кумак ба ҳамзабонони бурунмарзӣ амалӣ мешавад ва аз соли 2008 то ба ҳол худуди 400 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик ба донишгоҳҳои мухталифи шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд қабул шудаву чанде акнун соҳибихтисос гардидаанд. Ин икдом, ки бинобар ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон таҳаққуқ меёбад, дар роҳи болоравии ифтихороти милливу таърихии ҳамзабононамон дар Қирғизистон нақши шоистаро иҷро менамояд.
Тайи 4-5 сол ҷавонони донишҷӯ бо Тоҷикистон ва ҷавонони ҳамсабақи худ ошноии бештар пайдо карда,эҳсосоти дӯстдории забону фарҳанги миллӣ дар руҳу қалбашон ҷойгоҳи бештар пайдо мекунад ва онҳо то нафаси охир ин ифтихоротро ҳифз намудаву ба дигарон низ талқин мекунанд.
Дар Қирғизистон аз аҳди қадим тоҷикон зиндагӣ доштаанд ва ҳоло шумораи ҳамзабононамон беш аз 55 ҳазор нафарро ташкил медиаҳад. Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рудакй барои тоҷикон нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо»-ро роҳандозӣ намудааст, ки ба унвони оийнаи рӯзгори ҳамзабононамон баррасӣ мегардад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






