ЯК МУШОҲИДА. Ва ё мулоҳизаҳои рӯзноманигор Абдуғаффор Камол

Ноябрь 3, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 03.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Рӯзноманигори шинохта Абдуғаффор Камол дар саҳифаи худ дар «Фейсбук» як мушоҳида ва зимни он чанд мулоҳизоти худро баён доштааст. Азбаски ин мулоҳизот ба талаботи яке аз санадҳои муҳими кишвари мо – Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рабт дорад, онро дар зер бознашр мекунем.

«Дирӯз маросими фотеҳа дар хонаи устоди зиндаёд Худойӣ Шарифзода буд. Одамони зиёде меомаданду андак менишастанд, як қории хушовоз пораҳое аз Каломуллоҳ қироат мекард. Ҳозирин бо лаҳзае андеша ва ёди он устоди бузург, худоҳофизӣ мекарданду мерафтанд… ва боз дигарон меомаданду мерафтанд. Аҷаб фазои маънавӣ ва рӯҳоние буд!

Барои як лаҳза ба ёди гузаштаҳо рафтам ва бо худ гуфтам, агар ин маросим қабл аз Қонуни танзим мебуд, ҳоло ин ҷо чӣ хабар буд? Дастурхонҳои пур аз хурданию нушиданӣ, одамоне, ки саросема менишинанду мехӯранду менӯшанду мераванд, иддае хӯрда истодаанду иддаи дигар рост истода, мунтазири холӣ шудани курсие дар атрофи мизе, то зуд он ҷоро ишғол карда, низ бихӯранду бинӯшанд. Муҳимтарин гирифтории соҳибони майит ин буд, ки кӣ омаду кӣ наомад, фалон одами муҳим дар куҷо нишаст, чӣ хурд, дастурхонаш чӣ тур буд, оё дар шаънаш буд ё иззаташ ба ҷой наомад??? Дар он тарафи хона ҳам занҳо маҳшаре доштанд: кадом зан бо чӣ гуна дастурхон омад, куҷо нишаст, чӣ овард, либоси овардааш чӣ гуна буд ва акнун ба ӯ чӣ бояд дод…

Хулоса ҳазор дарди сару гирифторию нигаронию машғала. Дар ин миён марҳум ба ёди касе ҳам намерасид (на ба ёди соҳибонаш ва на ба ёди зиёфатхӯрон).
Акнун чӣ? Акнун ҳама ҷо оромиш, сукут, маънавият, андеша. Ҷо-ҷо садои Қуръон баланд мешаваду гӯшҳоро навозиш медиҳад ва дилҳоро оромиш мебахшад, дигар — сукути мутлақ. Муҳити басо муносиб барои ёди марҳум, ёди марг, варақ задани номаи аъмоли худ ва омодагӣ барои чунин рӯзе, ки бехабар ба суроғи ҳар яки мо хоҳад омад…

Эҳсос кардам, ки маросиму анъанаҳоямон акнун нав исломӣ шуданд. Он тарзе, ки мо қаблан маросим мегузарондем, ба ҷуз Тоҷикистону Узбекистон ва каму беш Қирғизистон, дар ҳеҷ ҷое аз ҷаҳони ислом набуд. Боварӣ дорам, ки хеле зуд ин ду ҳамсоя ҳам ин суннати ҳасанаро аз мо хоҳанд гирифт ва пайравӣ хоҳанд кард.

Беихтиёр ин ҳадиси Паёмбар (с) ба ёдам расид, ки “Инналлоҳа лаязаъу бис-Султон мо ло язаъу бил-Қуръон”. Худованд ба воситаи Султон кореро ҷорӣ мекунад, ки ҳатто ба воситаи Қурон намекунад.

Ҷо дорад, ки бе ягон муболиға, аз самими дил, бо ҳарфҳои калон-калон ба Пешвои миллат барои ин ташаббус ва амалашон ТАШАККУР бигӯем. Ҳаббазо ба роҳбаре, ки ниёзи миллаташро бештар ва пештар аз худи миллат дарк мекунад ва барояш чора месозад…

А. КАМОЛ

Ноябрь 3, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд