«90 фисади анборҳои нигоҳдории маводи гӯштӣ дар мамлакат ғайристандартӣ буда, ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд»-бардошт аз Паёми Пешвои миллат

Декабрь 23, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 23.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз заруранд. Ин нуктаро  дирӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд.

Зикр шуд, ки дар робита ба ин, соҳаи парандапарварӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шаванд.

Сарвари давлат инҷунин   изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамасола аз хориҷи кишвар    аз 36 то  40 ҳазор тона гӯшти мурғ ворид мешавад, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд.

Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ гуфтанд, ки  90 фисади анборҳои нигоҳдории маводи гӯштӣ дар мамлакат ғайристандартӣ буда,  ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд.  Дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ намоянд.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 корхонаи нави парандапарвариеро ифтитоҳ намуданд, ки аз 7 мурғхона барои парвариши чӯҷаҳо, инкубатор ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

 

 

Декабрь 23, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд