Абдуфатоҳи Ғоиб ва Кевин Коверт оид ба ҳамкории мутақобила дар самтҳои мусоидати техникӣ ва иттилоотӣ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб бо Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кевин Коверт баргузор шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфатоҳи Ғоиб ва Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт оид ба ҳамкории мутақобила дар самтҳои мусоидати техникӣ, иттилоотӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ибрози назар намуданд.
Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон калидҳои бинои ёрирасони нави сохташудаи дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт»-и гумруки Мурғоби Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ -ро ба Сардори Хадамоти гумрук тақдим намуд.
Бояд гуфт, ки марҳилаи аввали сохтмони дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт»-и гумруки Мурғоб соли 2009 аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура»-и Хадамоти гумрук бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд оғоз шуда буд. Бо сабаби он, ки кори Барнома 31 октябри соли 2011 ба охир расид, маблағгузорӣ аз тарафи Бонки Осиёии Рушд қатъ карда шуд. Соли 2012 барои идома додани корҳои сохтмонӣ Сафорати ИМА сохтмони бинои дуошёнаи маъмурию маиширо ба уҳдаи худ гирифт.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






