Абдушукур Сайфуллоев: «Рушди соҳаи фармасевтӣ метавонад дар бунёди корхонаҳои дорусозӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ дар бозори меҳнат мусоидат намояд»

Декабрь 27, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 27.12.2017. /АМИТ Ховар/. «Дар Паёми соли гузашта доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ изҳори нигаронӣ карда будам. Вале вазъият дар ин самт то ба ҳол беҳтар нагардидааст»,-иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабр зимни пешниҳоди Паёми солонаи  хеш  ба Маҷлиси Олӣ  ва бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод намуданд, ки  аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

 ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» яке аз ширкатҳои истеҳсолии фарматсевтӣ буда, ба таҳияи технология ва истеҳсоли саноатии доруворӣ машғул аст. Ширкат аз соли 2012 инҷониб фаъолият намуда, технологияи истеҳсоли зиёда аз 40 номгўй доруҳоро таҳия ва истеҳсоли саноатии онҳоро ба роҳ монда, маводи дорувориро  дар шакли марҳам, қурс, ғилофак (капсула), гел ва маҳлул омода менамояд.

 Директори ширкати мазкур Абдушукур Сайфуллоев доир ба аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани  воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  чунин изҳори назар кард:

-Ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат  соҳибкорони соҳаи дорусозии  мамлакатро барои фаъолияти минбаъда  дилгарму  рӯҳбаланд  сохт.  Махсусан  ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии  мақомоти дахлдор дар давоми ду соли минбаъда эълон  гардидани мораторий  ба рушди пурсамари кори соҳибкорони ин соҳа  мусоидат намуда, мушкилии асосии онҳоро осон гардонид.  Зеро   дорусозони тоҷик барои ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои дорусозӣ ва истеҳсоли  маводи  тиббӣ  бо мушкилоти зиёде  рӯ ба рӯ мешуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти истеҳсолии фармасевтӣ фаъолияти зеҳнӣ буда,  аз корҳои  илмӣ–тадқиқотӣ сарчашма мегирад.  Ба ғайр аз ин,  мутахассиси  дорусоз  бояд дониши мукаммали  тиббӣ дошта,  илмҳои дақиқу  табииро хуб донад ва аз технологияҳои муосири  дар истеҳсолот истифодашаванда бохабар бошад. Дар ҳақиқат бунёди корхонаи истеҳсолии фармасевтӣ  маблағ ва  вақти  зиёдро барои  анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳияи технологияи истеҳсоли дору талаб менамояд. Корхонаи дорусозӣ баъди 4-5 соли дуруст ташкил намудани фаъолият ва дастгирии давлатӣ метавонад бо иқтидори пурраи истеҳсолиаш маҳсулот истеҳсол намояд.

 Аз таҳлили талабот дар  бозори истеъмолии кишвар бармеояд, ки  сол то сол ниёзмандӣ  ба маводи фармасевтӣ, молҳои таъйиноти тиббӣ, маводи шустушӯӣ, гигиенӣ,  парфюмериву  ороишӣ   зиёд гардида,  ҳаёти имрӯзаи ҷомеаро  бе ин маҳсулот  тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Дар бозори мамлакат ин маҳсулот асосан воридотӣ буда, гардиши онҳо садҳо миллион долларро ташкил медиҳад.  Дар дилхоҳ дорухона ва фурӯшгоҳи молҳои ниёзи мардум  мушоҳида намудан мумкин аст, ки  аз ҳазорон номгӯй дору ва молу маҳсулоти ба савдо гузошташуда  шояд қисмати хеле ночизи он маводи истеҳсоли ватанӣ  бошад.

Ҳол он ки мутахассисони соҳаи фармасевтии ҷумҳурӣ  метавонанд дар бунёди корхонаҳои истеҳсолии ин маҳсулот саҳми сазовор  гузошта, ба таъсиси  ҳазорҳо ҷойи нави корӣ  дар бозори меҳнат мусоидат  намоянд.

Саноати фармасевтӣ ба дигар соҳаҳо  алоқамандии зич дорад  ва  пешравии ин соҳа метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолии соҳаи химия, хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.

Дар байни аҳолӣ ва ҳатто дар байни баъзе аз роҳбарони баландмақом  ақидае ҷой дорад, ки гӯё  мутахассисони тоҷик қобилияти истеҳсоли дору ва дигар маҳсулотеро, ки истеҳсоли онҳо аз фаъолияти зеҳнӣ вобаста аст,  надоранд.   Шояд сабаби пайдоиши   чунин ақида аз  давраи шӯравӣ    сарчашма гирад, чунки як қисми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун манбаи ашёи хом барои рушди саноати дигар ҷумҳуриҳо хизмат мекарданд.

Вобаста ба ин баъзан  мизоҷон  ва ҳатто  бархе аз  табибон  низ ба маҳсулоти дорувории ватанӣ бо шубҳа менигаранд. Аз чунин шароит истифода бурда,  ширкатҳои бузурги фармасевтии хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои бузурги молиявиашон кӯшиш менамоянд, ки корхонаҳои истеҳсоли  маводи фармасевтӣ дар дигар давлатҳо, аз ҷумла, дар  Тоҷикистон пайдо нашаванд.

Ҳол он ки дар асл чунин  нест. Солҳои охир кимиёшиносони тоҷик дар ин самт натиҷаҳои хуби илмие ба даст овардаанд, ки барои таҳияи доруҳои нави табобатӣ мусоидат менамоянд.

Хушбахтона, дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ доир ба ин масъала аз тадбирҳои саривақтию судманд буда, минбаъд  ба рушди саноатикунонии ватани азизамон, аз ҷумла, соҳаи дорусозӣ  мусоидат менамоянд.

Тавре дар Паёми Сарвари давлат  баён гардид, аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод ва бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шуд.

 Ин иқдомҳо  боиси ҳавасмандии ширкатҳои ватанӣ ба истеҳсоли дору гардида, дар оянда ба афзоиши маҳсулоти соҳа ва содироти он мусоидат хоҳад намуд.

Ҳангоми мусоидат намудан ба фурӯши маҳсулоти ин корхонаҳо дар давоми ду — се сол ҳамин ширкатҳо метавонанд бо имкониятҳои молиявии худашон корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд намоянд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад