«АЙ МЕҲРУБОН ВАТАН, БА РАҲАТ ҶОНФИШОН МАНАМ…». 4-уми декабр ба зодрӯзи устод Абулқосим Лоҳутӣ 130 сол пур мешавад

Декабрь 4, 2017 08:04

ДУШАНБЕ, 04.12.2017./АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз, 4-уми декабр, ба зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик устод Абулқосим Лоҳутӣ 130 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар Душанбе як қатор тадбирҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, тавре қаблан иттилоъ дода будем,  имрӯз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 130-солагии шоири маҳбуб ва ходими сиёсӣ Абулқосим Лоҳутӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ доир менамояд, ки дар  он  адибону олимони кишвар иштирок карда, вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти   Аблуқосим Лоҳутӣ маърӯзаҳо мехонанд…

Дар Эрон

       Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ, тавре дар бисёр маъхазҳои боэътимод, аз ҷумла  «Большая советская энциклопедия» омадааст, 4 декабри соли 1887   дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон, дар оилаи косиб таваллуд шудааст ва дар қатори устод Айнӣ яке аз саромадони адабиёти навини тоҷик ба шумор меравад.

Саводи ибтидоиро дар мактаби  деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур сохт, ки аз хурдсолӣ меҳнат кунад:  зери роҳбарии падараш чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда,  ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани косибони он даврон аз наздик ошно шуд.

Хуллас, душвории зиндагӣ Лоҳутиро  водор намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шӯҳрат ёфта будааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст. Ба ин васила майлу рағбати шеъру шоирӣ беш аз пеш дар қалби кӯчаки Абулқосим маскан  гузидааст. Баъдтар созмони маҳаллии ҷамъиятии «Одамият», ки барои бештар ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони қобилу умедбахш ҷаҳд мекардааст, аз истеъдоди ин ҷавони ҳафдаҳсола пай бурда, бо харҷи худ ӯро барои таҳсил ба Теҳрон фиристодааст.

Вале мактабхонӣ дер давом накарда, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби якуми рус ба вуқӯъ пайвастанд, ӯро ҷониби худ кашидаанд ва чун сарбози инқилоб силоҳ ба даст гирифта, дар муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва зиддиистибдодии ҳамватанони худ иштирок намудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Гелони Эрон ба шӯриши мусаллаҳонаи зидди подшоҳ ҳамроҳ шуда, дар роҳи ғалабаи он фидокорона хизмат кардааст ва ба гирифтани нишони Сатторхон, ки яке аз роҳбарони ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон буд, мушарраф гардидааст. Пас аз шикасти балвои солҳои 1905-1911 қувваҳои иртиҷоъӣ ба таъқиби инқилобиюн шурӯъ намудаанд ва Лоҳутӣ, ки ба қатл маҳкум шуда буд, ба Бағдод муҳоҷират карда, то апрели соли 1915 дар он ҷо   иқомат намудааст.

Сипас Лоҳутӣ боз ба ватан баргашта, рӯзномаи «Бесутун»-ро таъсис додааст ва дигарбора дар ҷунбишҳои озодихоҳонаи синфӣ ва муборизаҳои инқилобӣ ширкат варзида, мафкураву ҷаҳонбинии ӯ вусъати бештар ёфтаанд. Дар аввалҳои соли 1917 нахустин бор бо болшевикони рус, ки дар сафи қӯшунҳои ишғолӣ хизмат мекарданд, ошно шуда, ба воситаи онҳо доир ба воқеаҳои инқилобии Русия муфассал иттилоъ ёфтааст.

Моҳи декабри  соли 1917, вақте ки Ҳукумати Шӯравӣ аскарони русро аз Эрон баровардаву   англисҳо кишварашро тасарруф намуданд, Лоҳутӣ дубора тарки ватан гуфта, ба Истамбул рафтаву муддате дар макотиби форсӣ муаллимӣ кардааст ва силсилае ғазалиёти беназир офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои «Лаъолӣ», «Эроннома», «Наврӯзнома» ва ғайра ба табъ расидаанд. Дар муҳоҷират хеле сахтиҳоро ба сар бурда, ҳамроҳи ҳамсангарони содиқаш «Ҷамъияти ҷавонони Эрон» ва маҷаллаи «Порс»-ро таъсис додааст ва, ниҳоят, дучори таъқиби шадиде гардидааст.

Охири соли 1921 Лоҳутӣ ба Озарбойҷон омадааст ва, дере нагузашта, дувумин шӯриши Табрезро, ки бо номи «Шӯриши Лоҳутихон» машҳур аст, сарварӣ кардааст.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ

      Пас аз фурӯ нишонда шудани шӯриш, моҳи феврали соли 1922, ба Иттиҳоди Шӯравӣ  гузашта, ба давраи нави ҳаёти худ оғоз бахшидааст.    Лоҳутӣ муддате дар Тбилиси ва Бокуву Нахҷувон кору зиндагӣ карда, ибтидои соли 1923 ба Москва рафта,   дар «Нашриёти халқҳои СССР» ба кор пардохтааст. Аз соли  1924 узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ -ВКП(б) буд.

Абулқосим Лоҳутӣ соли 1925 ба Тоҷикистон омада, дар муборизаи зидди хурофотпарастон ва  душманони ҳаёти нав   фаъолона ширкат варзидааст. Муддате мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби Шӯрои ташкилии Кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва ҷонишини Комиссари халқии маориф буда, дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст. Тавре дар манбаҳои таърихӣ навишта шудааст, Лоҳутӣ бо ароба аз Тирмиз ба Душанбе нахустин мошини чоп овардааст.

Соли 1931 хабарнигори рӯзномаи асосии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — «Правда» таъин шуда, соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси фахрии он низ будааст. Дар Анҷумани якуми умумиттифоқии нависандагони шӯравӣ (1934) дар бораи адабиёти нави тоҷик маърӯза хондааст. Баъдан, соле чанд, Котиби масъули Иттифоқи нависандагони СССР будааст. Соли 1935 дар ҳайати адибону арбобони маданияти шӯравӣ дар Конгресси байналмилалии ҳимояи маданият, ки дар шаҳри Париж   барпо гардида буд, иштирок ва суханронӣ кардааст. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Абулқосим Лоҳутӣ 16 марти соли 1957    дар шаҳри  Москва   вафот кардааст. Дар Қабристони Новодевичйеи пойтахти Россия  мадфун аст.

Эҷодиёт

     Лоҳутӣ ба шеъргӯӣ аз дувоздаҳсолагӣ сар карда, сараввал дар равияи падараш ғазалҳои тасаввуфӣ гуфтааст. Соли 1907 аввалин шеъри ӯ – қасидаи «Ҳуббулватан» дар моҳномаи «Ҳаблулматин» (Калкутта) чоп шудааст.

Пас аз ин шеърҳои ватандӯстона ва инқилобии ӯ дар байни мардум  паҳн гаштаанд. Ҷараёни тундутези воқеаҳои инқилобии солҳои 1905-1911 дар тафаккур ва тасаввуроти Абулқосим Лоҳутӣ тағйироти муҳим ворид  намуда, дар мазмуну муҳтавои ғоявии шеърҳои ӯ нақши вофир гузоштаанд. Чунин таҳаввулотро дар шеърҳое, ки танҳо дар давоми соли 1909 ба қалам овардааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, дар шеъри «Фарёди миллат», ки мазмуну пафоси баланди ватандӯстона дорад, Эронро миллати воҳиду ягона ҳисобидааст; дар шеъри «Ай ранҷбар», дар баробари нишон додани зиддиятҳои дохилии мамлакат муборизаи порлумониро воситаи асосии муҳофизати ҳуқуқи мардум шумурдааст. Аммо дар ғазали «Ё ҳар ду» наҷоти халқро дар муборизаи мусаллаҳонаи он дида, дар шеъри «Маънии одам» (1910) талқин кардааст, ки танҳо ранҷбару меҳнаткаш сазовори номи баланди одаманд.

Шеърҳое, ки дар солҳои қувват гирифтани нирӯҳои иртиҷоъӣ дар Эрон ва муҳоҷирати шоир навишта шудаанд, ҳам ошкоро («Шарқ»)-ву ҳам рамзу кинояпеч («Шамъу Парвона»), мардумро ба ҳуррияту инқилоб ва муборизаи зидди мустамликадорон даъват кардааст. Дар баъзе шеърҳои онвақтаи ӯ, аз қабили «Бозгашт ба ватан» (1915), дар баробари хеле барҷаста ифода ёфтани ғояҳои ватандӯстӣ, оҳанги маъюсӣ ва афтодарӯҳии шоир эҳсос мешавад. Аммо, дар натиҷаи дубора сар бардоштани қувваҳои инқилобӣ ва хусусан, бо таъсири воқеаҳои инқилобии Россия, марому идеалҳои шоир дар роҳи озодии синфи ранҷбару деҳқон торафт равшантар мегарданд, ки дар шеърҳои «Яке Руму яке Эрон парастад» (1916), «Бо ин ки дар шариъати хубон ҳиҷоб нест» ва «Қасри Доро» (1917) то андозае инъикос ёфтаанд. Дар шеърҳои «Дос ар кашад…» ва «Деҳқон хуроку фаъла ҷаҳонро бино кунад» (1920) ва «Гар нест ду дасти номвар маро» (1921) мардуми муборизро ба ваҳдату низом даъват намуда, иттифоқи коргару деҳқонро шарти асосии аз панҷаи зулму асорат раҳойӣ ёфтани оммаи заҳматкаш донистааст.

Хулоса, вақте ки Лоҳутӣ ба мамлакати сотсиалистӣ қадам гузошта, эҷодиёти худро бо «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (феврали 1922) ба ҳаёту адабиёти шӯравӣ алоқаманд намуд, аллакай соҳиби афкори муайяни иҷтимоӣ ва устоди каломи бадеъ будааст.

Таҷрибаи зиёди зиндагӣ ва истеъдоди адабию андешамандӣ имконияташ додаанд, ки баъзе маҳдудиятҳои ғоявӣ ва эҷодии худро муттасил бартараф карда, эҷодиёташро мутобиқи шароити наву воқеиятҳои ҷамоати сотсиалистӣ пеш барад ва яке аз пешқадамтарин шоирони шӯравӣ гардад.

Шеърҳои «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (1922), «Инқилоби Сурх» (1923) ва қасидаи «Кремл» (1923) ҳанӯз то ба Тоҷикистон   омадани Лоҳутӣ дар байни хонандагони тоҷик  шӯҳрат  ёфта, мухлисони бисёре пайдо кардаанд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои дар Душанбе   чопшудаи устод Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» (1926) ном дорад. Пас аз он дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон шеъру сурудҳои бисёре навиштааст, ки аҳаммийяти калони таблиғотӣ дошта, ҳам аз ҷиҳати шаклу ҳам аз лиҳози мазмун тоза ва намунаи ибрати ҳамагон будаанд.   Устод  Айнӣ   дар шахси ӯ бузургтарин шоир ва дӯсти ҳамсафару ҳамақида пайдо карда, ҳар ду паҳлӯ ба паҳлӯ истода адабиёти навини моро барпо карданд ва ӯ барҳақ асосгузори шеъри инқилобии тоҷикӣ шинохта шудааст.

Таърихнигорон навиштаанд: маҳз Лоҳутӣ буд, ки устод Айниро аз чанголи марг тавасути муроҷиат ба Сталин    раҳо карда тавонист. Бо ин ҳама, устод Лоҳутӣ яке аз қаҳрамонони миллии мо ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои сиюм  Лоҳутӣ муҳимтарин асарҳояшро, аз қабили достонҳои «Мо зафар хоҳем кард» (1930), «Зӯри СССР» (1932), «Сафари Фарангистон» (1935), «Ду нишон» (1936) ва ғайра ба майдон овардааст. Азбаски дар офаридани шеърҳои тамсилӣ таҷрибаи кофӣ пайдо карда буд,  амсоли «Се қатра», «Одами оҳанпо», «Шамшери фотеҳ», «Кӯҳ ва Оина», «Ба Ҳофизи нобино» ва «Посбони Ватан» чанд манзума офарида, дар ин қолаб ҳам имконпазир будани тасвири воқеъияти зиндагиро дигарбора нишон додааст.

Тараннуми муваффақиятҳои пайдарҳами мамлакати сотсиалистӣ («Фатҳи Донбасс», «Хабар»), ситоиши дӯстии халқҳо  («Ҷашни понздаҳсолагӣ», «Ба Ӯзбекистон», «Ҷавоб ба васиятномаи Шевченко», «Ҳадя ба халқи муборизи Испониё») аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти ӯ дар ин давра ба шумор мераванд. Таронаҳои «Пули Вахш», «Таронаи партизанӣ» (1935) ва амсоли ин вирди забони ҷавонон гардида, дар тамоми гӯшаву канори  Тоҷикистон суруда мешуданд.

Ба муносибати якумин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941) либреттои операи «Коваи оҳангар»-ро навиштааст, ки хеле машҳур гашта буд. Дар солҳои  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ   тавассути ашъори ноби зиддиҷангияш халқи шӯравиро ба муборизаи зидди истилогарони фашистӣ даъват намуда («Ай халқи золимкуш, қиём!», «Дарандагонро бизанем!», «Мӯру Офтоб», «Хонаи Тарас озод хоҳад шуд!»), ба пирӯзии мардуми шӯравӣ бовари қатъӣ доштааст.

Он солҳо байти «Ҷангҳои болшевикӣ мо дар ин майдон кунем, Даст агар аз тан бияфтад, ҷанг бо дандон кунем!» вирди забонҳо будааст. Ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо ғояи асосии эҷодиёти ӯ гардида, достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня», манзумаҳои тамсилии «Паҳлавон Оштӣ» ва «Ҳамсафарон» аз беҳтарин асарҳои даврони ҷанги адабиёти тоҷику шӯравӣ ба ҳисоб мераванд. Он солҳо бо овози баланд мегуфт:

«Ай меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам,

Дастонсаро ба васфи ту бо сад забон манам….».

Абулқосим Лоҳутӣ

Дар давраи пас аз ҷанг ғояҳои ватанпарварӣ, дӯстии халқҳо, тараннуми комёбиҳои Ватан ва тарғиби сулҳу амният дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён ишғол кардаанд, ки «Суруди сулҳхоҳон», «Санади сулҳро имзо мекунем», «Сухани мардумони одӣ», «Митинги сулҳхоҳон» ва ғ. беҳтарин намунаи чунин ашъоранд.

Яке аз калонтарин асарҳои шоир достони «Парии Бахт» аст, ки дар сабки достонҳои афсонавии рамзӣ–тамсилии халқӣ нигориш ёфта, ба воситаи образу ифодаҳои рамзиву тамсилӣ муборизаи халқи русу мардумони дигари Иттиҳоди Шӯравиро дар роҳи ба даст овардани бахту саодат ва озодию ҳуррият тасвир намудааст. Силсилаи дигари шеърҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ ба тасвири воқеаҳои байналхалқӣ («Фестивали ҷавонони демократи ҷаҳон дар Берлин», «Ба халқи Куба»), ба Эрон ва муборизони роҳи озодии он («Зиндагӣ пирӯз мешавад», «Ба халқи зодгоҳам», «Ба дафъи қувваи бегона бархез!») бахшида шудаанд.

Дар шеъри «Ҷавоб ба иғвогарон» (1954) унсурҳои иртиҷоъиеро, ки аз номаш китоби ҷаълие чоп карда, барои таблиғоти зиддишӯравӣ истифода бурданӣ шудаанд, бо қаҳру ғазаб фошу маҳкум намудааст. Дар шеъри «Орзу» (1954) самимитарин омолу умедҳои шоири инсонпарвар оид ба хушбахтии тамоми мардумони ҷаҳон ифода ёфтааст.

Устод Абулқосим Лоҳутӣ яке аз мутарҷимони моҳири адабиёти русу дигар халқҳо буда, бисёр асарҳои  А.С. Пушкин, намунаҳои осори  Т.Г. Шевченко,   М. Горкий, В. Маяковский, В. Лебедев-Кумач, Л. Ошанин, Е. Далматовский ва суруди «Интернационал»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Инчунин, тарҷумаи асарҳои саҳнавии В. Шекспир («Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»), Лопе де Вега («Чашмаи гӯсфандон») ва А.С. Грибоедов («Дод аз дасти ақл») ба забони тоҷикӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Асарҳои алоҳидаи худи шоир аз солҳои сиюм ба забони бисёр халқҳои дигари оламу шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Осор ва гиромидошт

       Осори устод Лоҳутӣ дар авроқи «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957), «Гавҳари ишқ» (1958), «Шӯъла ва Шамшер» (1974), «Офтоби Сурх» (бо ҳуруфи форсӣ; Маскав, 1987), «Шеърҳо. Достонҳо» (1987) ва «Куллиёт» (1960-1963)-и шашҷилда фароҳам омадаву ба дасти чоп расидаанд.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш  нашриёти «Адиб» ба нашри муҷаддаду мукаммали «Куллиёт»-и устод Абулкосим Лоҳутӣ  дар ҳашт муҷаллад  шурӯъ намуда,   ҷилдҳои нахустини онро  аз чоп баровард.

Дар Тоҷикистон нахустин театри касбии тоҷик — Театри давлатии академии драмавӣ, бисёр деҳаву мактабу муассиса ва кӯчаву хиёбонҳо номи Лоҳутиро зинда медоранд. Ҷоизаи махсуси Иттифоқи журналистони мамлакат номи ӯро дорад. Осорхонаи Лоҳутӣ дар Душанбе зиёратгоҳи умум аст.

Ногуфта намонад, ки устод Лоҳутӣ соли 1945 матни  Суруди миллии (гимни) Ҷумҳурии собиқи Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро  эҷод кардааст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ вирди забони ҳамагон буда, дар замонаш яке аз беҳтарин таронаҳои миллии ҷамоҳири шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.

Устод Лоҳутӣ, бешубҳа, рамзи ваҳдати адабию фарҳангии мардуми форсизабони ҷаҳон, махсусан Тоҷикистону Эрону Афғонистон, мебошад. Соли 1987, мутобиқи Қарори вижаи  ЮНЕСКО,   тамоми мардуми мутамаддини олам 100-умин солгарди зодрӯзи марди муборизи ҷабҳаи озодӣ ва тараннумгари сулҳу саъодати башар Абулқосим Лоҳутиро ба таври мутантан таҷлил намуданд.

 

Декабрь 4, 2017 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид