Ҳайати расмии Тоҷикистон бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби ин мамлакат мулоқоти судбахш анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла, доир ба сохтмони як корхонаи муштараки дорусозӣ, таъсиси донишкада ва ё факултаи байналмилалии тиббӣ бо сармоягузории хусусии Саудӣ, осоишгоҳҳои муштарак, ҷалби табибони тоҷик ба ин мамлакат барои кори доимӣ, ба роҳ мондани амалиёти хайрияи ҷарроҳӣ барои беморони эҳтиёҷманди Тоҷикистон ва кумакҳои гуногуни башардӯстона тавофуқоти пешакӣ ҳосил шуд.
Ҳайати расмии Тоҷикистон ҳамчунин аз яке аз бемористонҳои муосири шаҳри Ҷидда барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами пизишкони Саудӣ дидан карданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода барои иштирок дар ҷаласаи шашуми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ қарор дорад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд






