Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардида истодааст, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
С. Аслов зимни суханронӣ доир ба мавқеи Тоҷикистон роҷеъ ба нуқтаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар минтақаи САҲА ибрози ақида намуда, талошҳои муштараки кишварҳоро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин зарурати густариши ҳамкорӣ дар масъалаҳои бознигарии усули баргузории чорабиниҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДНДҲИ/САҲА) ва таҳкими амниятро дар минтақа таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ, аз ҷумла, даъват намуд, ки баъзе аз кишварҳои САҲА сиёсати духӯраи худро дар самти мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшида, ҷиҳати пешбурди муборизаи беамон ва решакан намудани ин хатарҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба расонанд.
Ҳамчунин ӯ роҷеъ ба чолишҳои рӯзафзуни террористӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла, ДОИШ дар Афғонистон, хусусан дар шимоли он изҳори нигаронӣ намуда, аз кишварҳои САҲА ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ, бахусус тариқи расонидани кумакҳои молиявӣ ва фаннӣ даъват ба амал овард. Дар робита ба ин, ҳавасмандии амиқи Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар пойдор гардидани сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя зикр гардид.
Қобили зикр аст, ки кори иҷлосияи мазкур 8 декабр низ идома меёбад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






