Ҷаласаи Комиссияи “Ҳаҷ-2017” оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 ва омодагиҳо барои мавсими 2018 доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Комиссияи “Ҳаҷ-2017” оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 ва омодагиҳо ба мавсими 2018 баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат қайд намуд, ки бо мақсади баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҷойдошта ва дар сатҳи арзанда фароҳам овардани шароити муносиб барои зоирини тоҷик дар соли 2017 се ҷаласаи кории Комиссия баргузор гардида буд.
Дар ин мавсим ҷиҳати адои ҳаҷ 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ интиқол дода шуда, ба онҳо аъзои гурўҳи корӣ, ҳайати табибон ва роҳбаладони интихобгардида хизмат расониданд. Дар маҷмӯъ, тибқи андешаронии бархе аз зоирин, ин чорабинӣ дар сатҳи муносиб ташкил карда шуд.
“Дар қатори муваффақиятҳо баъзе камбудиҳо, ба монанди саривақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархўрдор набудани баъзе аз роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба ҳаҷ сафар намудани шаҳрвандон мушоҳида гардид ва боварӣ дорем, ки масъулин дар ин самт камбудиву норасоиҳоро бартараф намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб ва хизматрасонии беҳтарро дар мавсими “Ҳаҷ-2018” ташкил менамоянд”,- қайд намуд муовини Сарвазир.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки масъулин дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мебошанд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.
Инчунин таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нигаронкунанда зимни гузаронидани машғулиятҳо ба зоирин фарқияти мафҳуми “хобгоҳ” аз “меҳмонхона”, гуногунӣ ва миқдори хўрок дуруст фаҳмонида шавад, то дар сафар боиси нороҳатии онҳо нагардад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






