«Ҷавонон — ояндаи миллат»-конфронс дар Донишгоҳи Федералии Урал
ДУШАНБЕ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари ҳайати кории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия дар Донишгоҳи Федералии Урал (УРФУ) бо донишҷӯёни тоҷик дар мавзӯи «Ҷавонон — ояндаи миллат» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори он сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Абдусаттор Фаттоҳзода, сардори маркази матбуоти вазорат Умарҷони Эмомалӣ, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва донишҷӯёни фаъол дар мавзӯъҳои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ватандорию ватанпарастӣ сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои олии давлатҳои ҷаҳон дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъол дар масҷиди ба номи Имоми Аъзами шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия бо намозгузорон вохӯрӣ доир намуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






