Дар 6-умин Саммити байналмилалии сайёҳӣ дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Малайзия баррасӣ гардид

Декабрь 8, 2017 10:31

ДУШАНБЕ, 08.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 6 декабри соли равон дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия бо ташаббуси Вазорати сайёҳӣ ва фарҳанги Малайзия ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид 6-умин Саммити байналмилалӣ дар мавзӯи «Туризми устувор ва рақобатпазир дар барномаи рӯзмарраи шаҳрӣ» баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур Тоҷикистонро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода намояндагӣ карда, ҳамчунин дар он    869 намояндаи дигар аз 45 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ҳамоиш  4 декабри соли равон мулоқоти Ҳабибулло Амирбекзода бо Вазири сайёҳӣ ва фарҳанги Малайзия Дато Сери Муҳаммад Назрӣ Абдул Азиз баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм (моҳи июни 2014 имзо шуд) иброз намуда, ташкил намудани давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Малайзияро муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин зимни ҳамоиш Ҳабибулло Амирбекзода бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ Толиб Рифоӣ мулоқот намуда, рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ-ро баррасӣ намуданд.

Декабрь 8, 2017 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад