Дар Душанбе натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимиро муҳокима карданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷаласаи васеи машваратӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҳамчунин намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва кормандони Маркази миллии тестӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳо оид ба натиҷаи фаъолияти Маркази миллии тестӣ, аз ҷумла, вобаста ба интихоби ихтисосҳо аз ҷониби довталабон, таҳлили вазъи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва оид ба қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ муҳокима гардиданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз ҳамкории судманди Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии тестӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод намуд, ки минбаъд ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қабул ва санҷиши имтиҳонҳо тавассути Маркази миллии тестӣ, интихоби дурусти ихтисосҳо, ҷудо намудани қабули имтиҳонҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ва сомонаи Вазорати маориф ва илм ҷой намудани тамоми саволномаҳои Маркази миллии тестӣ, таҳия ва дастраси хонандагону омўзгорон гардонидани Дастурамал оид ба методология ва тарзи навиштани эссе нишасту суҳбатҳо роҳандозӣ гарданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






