Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1400 гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, давоми 5 соли охир дар ҳудуди ноҳия 1400 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд, ки ин асоси зиёд шудани майдони кишту истеҳсоли маҳсулот гардид.
Дар заминҳои мавҷудаи ноҳия деҳқонони хоҷагиҳо дар баробари пахта, сабзавоту полезӣ, картошка ва дигар анвои маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолиро кишту парвариш менамоянд.
Баъди ҷамъоварии пахта ва ҳосили кишти такрорӣ дар баробари гузаронидани кишти тирамоҳӣ дар 7 ҳазор гектар шудгори тирамоҳӣ анҷом дода шуд. Шудгор ва яхобмонии заминҳо бо мақсади заминагузорӣ ба мавсими оянда, зиёд кардани ҳосил ва нест кардани ҳашароти зараррасон амалӣ карда мешаванд.
Ба иттилои масъулин, корҳо то охири моҳи декабр идома меёбанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






