Дар Парлумон созишномаҳоро баррасӣ карданд

Декабрь 6, 2017 14:50

ДУШАНБЕ,  06.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Навҷувонов ва вакили Маҷлиси намояндагон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода шарҳ дода, иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани духӯрагӣ, такроршавии меъёрҳо ва татбиқи дурусти меъёрҳои Кодекси мазкур пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятӣ барои «Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба уҳдааш риояи ин масъулият гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад», ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми 2 моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан барои ҳамин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Яъне барои як кирдор ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардидааст.

Бо дарназардошти чунин ҳолатҳо ва бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шахсе, ки ба зиммааш риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузошта шудааст, моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардидааст.

Ҳамзамон дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои  «А» ва «F» ва Созишномаи қарзӣ (TJK-1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F»-ро ба вакилони мардумӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон  Хайрулло Асозода, Ҳусейн Болта, Фирӯза Шарифӣ шарҳ дода, иброз намуданд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ба анҷом расонидани сохтмони роҳи «Кӯлоб – Қалъаихумб» мебошад, ки шаҳри Душанберо бо сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин  пайваст менамояд.

Қитъаи (А) бо масофаи 32 км шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва қитъаи (F) бо масофаи 28 км деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаи хумб пайваст менамояд. Татбиқи лоиҳа ба кам намудани вақт ва хароҷоти истифодабарандагони роҳ, зиёд гардидани савдо, таъмини ҷойҳои корӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнок буда, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст: муҳлати қарз 25 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 7 сол ва меъёри фоиз 1,5%.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз ёфта, то соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро ба вакилони мардумӣ раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Муродулло Давлатов шарҳ дода, гуфт, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани мазмуни  Қонуни мазкур ба тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳия шудааст.

Ба ин мақсад ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи фазои муътадили динӣ, ҳимояи амнияти давлатӣ мутобиқ ба талаботи қисми 3 моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 7 моддаи 4-и Қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод шуд.

Ҳамзамон бо мақсади таъмини ислоҳоти конститутсионӣ, ки таъсиси аҳзоби сиёсии дорои хусусияти диниро манъ менамояд, ҷумлаи 1 қисми 2 моддаи 5 дар таҳрири нав ифода шуд.

Дар моддаҳои дигари Қонун ҷиҳати мукаммал гардонидани механизми иҷрои меъёрҳои Қонун ва таҳкими фаъолияти ҳуқуқии мақомоти ваколатдор тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд.

Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Декабрь 6, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Як қадам пештар
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Ёвон шинос гардид