«ДАР РОҲИ ВАТАН МУРДАН – ЗИНДАГИСТ…». Ба 130-солагии Абулқоcим Лоҳутӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 130-солагии шоири маҳбуб ва ходими сиёсӣ Абулқосим Лоҳутӣ Конференсияи илмӣ-амалиро ба нақша гирифтааст, ки баргузории он 4 декабр, дар рӯзи таваллуди шоир, дар назар дошта шудааст.
Тавре директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Сахидод Раҳматуллозода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Конференсия олимону донишмандони кишвар иштирок карда, вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти шоир Аблуқосим Лоҳутӣ маърӯзаҳо мекунанд.
Ҳамзамон Сахидод Раҳматуллозода изҳор дошт: «Дар андеша ва осори устод Лоҳутӣ Айнӣ ғояҳои ватанпарварӣ, дӯстии халқҳо, тараннуми комёбиҳои Ватан ва тарғиби сулҳу амният дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён ишғол кардаанд, ки ашъори «Суруди сулҳхоҳон», «Санади сулҳро имзо мекунем», «Сухани мардумони одӣ» ва «Митинги сулҳхоҳон» намунаи беҳтарини онҳо мебошад. Ҳадафи ҳамоиш низ муаррифии паҳлуҳои таҳқиқнашудаи ашъори ӯ ба насли наврасу ҷавон аст».
Ба иттилои номбурда, ба хотири гиромидошти устод Абулқосим Лоҳутӣ силсилаи тадбирҳои маърифатию фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 5 декабр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои устод А. Лоҳутӣ қадрдонӣ шуда, Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон, бисёр деҳаву мактаб, муассисаву кӯча ва хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номи некашро зинда медоранд. Ҷоизаи махсуси Иттифоқи журналистони мамлакат номи ӯро дорад. Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи умум аст.
Абукосим Лоҳутӣ бо ашъори ватандӯстонаи худ дар тамоми дунё машҳур аст. Дар достони «Ғалабаи Таня», ки ба мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шудааст, мегӯяд:
«Дар роҳи Ватан мурдан – зиндагист…».
Ёдовар мешавем, ки устод Лоҳутӣ соли 1945 матни Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эҷод кардааст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ вирди забони ҳамагон буда, дар замонаш яке аз беҳтарин таронаҳои миллии ҷамоҳири шӯравӣ ба ҳисоб мерафтааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»
Дар айни замон…
Таҷлили 130-солагии Абулқосим Лоҳутӣ дар Хатлон
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия бо иштироки 250 нафар ҷавонон бахшида ба 130-солагии Абулқосим Лоҳутӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷавонон вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти шоири инқилобӣ ва ватандӯст Аблуқосим Лоҳутӣ суханронӣ намуда, аз эҷодиёти ӯ шеърҳо қироат карданд.
Дар охир ба иштирокчиёни фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ҳизбӣ супорида шуд.








Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд






