Фалак ба ҷаласаи навбатии Юнеско барои баррасӣ пешниҳод шуд

Декабрь 4, 2017 12:01

ДУШАНБЕ, 4.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 9 декабри соли равон  дар ҷазираи Чеджудои Кореяи Ҷанубӣ ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ баргузор мегардад. Иштирокчиёни ҷаласа 34 дархости навро оид ба ворид намудан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии умумибашарии Юнеско дида  мебароянд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар номгӯи дархостҳое, ки дар ҷаласаи мазкур баррасӣ мешавад, дар радифи дархостҳо аз кишварҳои гуногун аз Тоҷикистон мусиқии миллии тоҷикӣ-Фалак пешниҳод гардидааст. Аз Арманистон рақси гурӯҳии мардонаи «Рочарӣ», аз Озарбойҷон хӯроки миллии «Дӯлма» ва тарзи таҳияи он, аз Қазоқистон бозии миллии «Асык» ва аз Қирғизистон бозии фолклории аспдавонӣ низ ба номгӯи дархостҳои баррасишаванда шомиланд.

Бояд гуфт, ки Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст. Мо ба он ҳамчун ба жанр назар андӯхта, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти умрро дарк менамоем.

Ёдовар мешавем, ки 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии  Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Ҳоло ин ансамбл дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Декабрь 4, 2017 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад