Фаъолияти волонтёрӣ роҳи хайрхоҳона буда, ҷомеаро ба анҷом додани корҳои созанда ва манфиатовар ҳидоят менамояд

Декабрь 6, 2017 08:56

ДУШАНБЕ, 06.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон баҳри рӯҳбаланд гардонидани ихтиёриён ҳамоиши волонтёрони ҷумҳурӣ бо номи «Пешвои миллат- рамзи иттиҳод ва сарҷамъии мо» доир шуд.

Дар ҳамоиш  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки агар ба таърих нигоҳ кунем, мебинем, ки  аз қадим миллати тоҷик маҳз ихтиёрӣ ва бо роҳи ҳашар ба якдигар кумак намуда, дар мушкилоти зиндагӣ дасти якдигарро мегирифтанд. Фаъолияти  волонтёрӣ роҳи хайрхоҳонаест, ки ҷавонони хештаншиносу ватанпарварро барои анҷом додани корҳои созанда ва манфиатовар дар ҷомеа ҳидоят менамояд.

«Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи зиёди волонтёронро мушоҳида кардан мумкин аст, ки баҳри дастгирии  кӯдакону калонсолон, маъюбон, ҳифзи муҳити зист  ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили тамокукашӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ тамоми неру ва вақти худро сарф мекунанд. Имрӯз  шумораи волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он ба зиёда аз чор ҳазору чорсад нафар расидааст, ки ҳамаи онҳо дар  баргузории барномаҳои ҷумҳурӣ мунтазам саҳм мегузоранд»,-зикр кард раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Дар охири ҳамоиш «Пешвои миллат-рамзи иттиҳод ва сарҷамъии мо»   ба  волонтёрони фаъол туҳфа ва сипоснома супорида шуд.

Декабрь 6, 2017 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст