Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб барои сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб маблағгузорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб ба лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб (қитъаҳои А ва F) маблағгузорӣ менамояд.
Ин тасмим зимни ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, ки 18-20 декабри соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт баргузор гардид, гирифта шуд.
Ҳамзамон ҳолат ва дурнамои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, нафту газ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, телевизион ва радио аз масъалаҳое буданд, ки зимни ҷаласа мавриди баррасии ҳайатҳои Тоҷикистону Кувайт қарор гирифтанд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Давлати Кувайтро муовини якуми Вазири молияи Давлати Кувайт Халифа Мусаид ал Ҳамада роҳбарӣ намуданд.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар моҳи майи соли 2017 баҳри тақвияти ҳамкории байни ду кишвар нақши муҳим бозидааст.
Мавҷудияти имкониятҳои фарохи молиявӣ, заминаи мусоиди ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, бонкдорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Бо мақсади тақвияти ҳамкории мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва муаррифии бештари имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2018 дар Давлати Кувайт Форуми муштараки сармоягузорӣ доир намоянд.
Тарафҳо зарурати таҳияи Барномаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020-ро муҳим шуморида, ҳамзамон ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди махсуси рушди сармоягузориро таъсис хоҳанд дод.
Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи муштарак мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири молияи Давлати Кувайт Наиф ал-Ҳаҷраф ва Вазири саноат ва савдои Давлати Кувайт Холид Носир Абдуллоҳ Равзон доир гардид, ки дар он дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз натиҷаи баргузории ҷаласа, Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расид.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






