ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Туркия ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018, ки аз 1 то 11 феврал дар шаҳри Тайбэйи Чин баргузор мешавад, бо дастаи мунтахаби Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия 26 ва 27 декабр дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд.
Зимнан, моҳи феврали соли равон дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон ду бозии дӯстона доир карда буданд, ки ҳарду дидор дар шаҳри Ялова бо пирӯзии мизбонон ва бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Туркия баҳри анҷом додани ду бозии дӯстона ба Душанбе меояд. Бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби Туркия барои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти 15-уми чемпионати футзали Осиё ба шумор мераванд. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳе, ки бозӣ хоҳад кард, 12 декабр бар асоси қуръакашӣ маълум мешаванд. Аллакай таркиби сабадҳо, ки аз рӯи онҳо ҳангоми қуръакашии Чемпионати Осиё-2018 дастаҳо тақсим мешаванд, маълум гаштааст. Ба дастаи мунтахаби Тайбэйи Чин ба ҳайси мизбони мусобиқот дар гурӯҳи «А» мавқеи аввал дода шудааст. Ба сабади якум инчунин ҷоизадорони чемпионати охирини Осиё дар Тошканд–Эрон, Ӯзбекистон ва Тайланд дохиланд. Ба сабади дуюм дастаҳои мунтахаби Ветнам, Қирғизистон, Япония ва Ироқ ворид шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба сабади сеюм шомил гашт ва дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 бо дастаҳои Чин, Лубнон ва Урдун рӯ ба рӯ намешавад. Ба сабади чаҳорум Малайзия, Баҳрайн, Кореяи Ҷанубӣ ва Мянмар дохиланд. Аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ ширкаткунандагони марҳилаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ (аз «A» то «D») тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






