Хонандагони ду мактаби шаҳри Ваҳдат дар синфхонаҳои сард бо либосҳои зимистона дарс меомӯзанд

Декабрь 21, 2017 15:54

ВАҲДАТ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар шаҳри Ваҳдат 2955 нафар хонандагони ду муассисаи калонтарини таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфхонаҳои сард бо пӯшидани либосҳои зимистона дарс меомӯзанд. Муассисаи рақами 132-и Ҷамоати деҳоти Гулистон дорои 1230 хонанда ва 65 омӯзгор мебошад. Зимни ифтитоҳи ин муассиса масъулини шаҳри Ваҳдат ваъда дода буданд, ки муассиса ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст шуда, хонандагон дар фасли зимистон дар синфхонаҳои гарм дарс меомӯзанд. Имрӯзҳо 37 синфхонаи ин муассиса хунук буда, бо ташаббуси падару модарон 9 синфхонаи ибтидоиро бо гармкунакҳои равғании барқӣ (радиаторҳо) таъмин намудаанд. Директори муассиса Раҳматшо Пиров гуфт, ки айни замон дар анбори муассиса 81 тонна ангишт ва 5 куб ҳезум захира намудаанд. Аммо аз сабаби аз ҳисоби буҷети шаҳри Ваҳдат маблағгузорӣ нагардидани ҶДММ  «Ҳамсафар» шабакаи ягонаи гармидиҳии муассисаро пайваст накарданд, то синфхонаҳо ба таври доимӣ бо гармӣ таъмин шаванд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и Ҷамоати Карим Исмоилови шаҳр, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, дорои 37 синфхонаи калон буда, дар он 1725 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Синфхонаҳои муассисаро бо гармкунакҳои барқӣ таъмин намудаанд, вале гармкунакҳои барқӣ ба масоҳати синфхонаҳо мувофиқат намекунанд. Аз ин сабаб синфхонаҳо сард буда, омӯзиши дарсҳо ба хонандагон дар синфхонаҳои хунук мушкил мебошад. Эҳтимол аз ҳамин сабаб аст, ки хонандагон аксаран дар дарсҳо иштирок намекунанд. Ба қавли хонандагон, рӯзҳое, ки ҳаво сард мешавад, дохили синфхонаҳо бештар хунук мешавад ва онҳо ба хунукӣ тоқат накарда, дарсро тарк мекунанд, чунки саломатӣ дар мадди аввал меистад.

Масъулини идораи маорифи шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, ки хунукназарӣ накарда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» мушкилоти зимистонгузаронии ин ду муассисаи бузурги таълимии шаҳрро сари вақт ҳал намоянд.

Декабрь 21, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад