«Иҷрокунандаи беҳтарин»-и Соли ҷавонон муайян гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов бахшида ба Соли ҷавонон озмуни анъанавии «Иҷрокунандаи беҳтарини сол-2017» ҷамъбаст гардид.
Дар маросим намояндагони мактабҳои олӣ ва миёнаи мусиқӣ, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва ҳаводорони савту наво иштирок намуданд.
Тавре дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барномаи консертӣ ғолибони озмуни мазкур, ки аксар донишҷӯёни Консерватория буданд, намунаҳои гуногуни осори классикиву муосири композиторони ватаниву хориҷиро манзури аҳли толор гардониданд.
Барномаи консертӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардида, аз ҷониби тамошобинон ва устодону коршиносон баҳои баландро сазовор гардид.
Дар фарҷоми барнома ба ғолибони озмуни «Иҷрокунандаи беҳтарин-2017» диплом ва мукофотҳо супорида шуданд.
Шоҳҷоизаи озмун насиби Зебуниссо Мирова гардид, ки дар навозиши фортепиано беҳтарин дониста шуд.
Манижа Ғафурова лауреати ҷоизаи «Консертмейстери беҳтарин» ва Лутфулло Ансорӣ лауреати ҷоизаи Иттифоқи композиторон гардиданд.
Ҳамчунин ҷойи аввалро Шараф Рашидов дар бахши «Созҳои миллӣ», Абдумалик Зиёдуллоев дар «Навозандагии анъанавӣ», Шоҳсанам Юсуфова ва Ҳикматулло Анваров дар бахши «Сарояндагии анъанавӣ» сазовор гардиданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






