Маҳкам Маҳмудзода: «Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад»
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раис, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат ва таҳкими арзишҳои демократӣ» ҳамоиш доир гардид.
Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш иброз дошт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ҳамчун барномаи мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи навини моро дар як давраи муайян мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода, бобати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳкими суботу оромии ҷомеа, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ дар назди мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Роҳбари давлат дар Паёми хеш ғояҳои асосии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро ташкил кардани таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо бояд тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд.
Пешвои миллат ҳамчунин фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста, зикр карданд, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд.
Маҳкам Маҳмудзода зикр кард, ки дар асоси амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда ҳамасола дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор меоянд, низоми ҳуқуқии кишвар таҳким меёбад, соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ рушд мекунад ва дар ҳамин замина сатҳу сифати зиндагии мардум боло мегардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, мардум ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад ва дар маҷмӯъ, ҳадафҳои конститутсионии давлат роҳандозӣ карда мешаванд.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бо меҳнати софдилонаи худ бояд кӯшиш намояд, ки дар амалишавии вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда саҳми созгор дошта бошад, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии давлатро эмин нигоҳ дорад.
Даврон Ҳошимзода, судяи Суди конститутсионӣ оид ба паҳлуҳои мухталифи Паёми Пешвои миллат зикр кард, ки бинобар татбиқи бомароми вазифаҳои дар Паём зикршуда, ҷомеаи Тоҷикистон сарбаландона ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, ба ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин мегардад ва кафолати инкишофи озодонаи шахс таъмин мешавад.
Роҳбари давлат дар Паём пешравиҳои бадастомадаро натиҷаи саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат дониста, зикр намуданд, ки ин омил бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстона доштани кулли шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳад. «Минбаъд низ хурду бузурги мамлакат бояд дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон саъю кӯшиши худро сафарбар созанд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд»,- зикр карданд Пешвои миллат.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






