Меҳнати шабонарӯзии ҳавонавардони моҳир имкон додааст, ки мусофирон дар фазо худро хеле роҳату болидахотир эҳсос кунанд. 7 декабр- Рӯзи байналмилалии авиатсия

Декабрь 7, 2017 17:22

ДУШАНБЕ, 7.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 7 декабр дар баъзе аз кишварҳои дунё ҳамчун Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана аз ҷониби  Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид таъсис дода шудааст.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова иброз намуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рӯзи байналмилалии авиатсия инчунин Рӯзи кормандони авиатсияи граждании кишварро ҳамасола  3 сентябр бо тантана ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз    кормандони фаъоли соҳа, ки дар рушди он саҳми бориз гузоштаанд,  аз ҷониби роҳбарият бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Бо шарофати меҳнати шабонарӯзии ҳавонавардони моҳир имрӯз мусофирон  дар фазо худро хеле роҳату болидахотир эҳсос мекунанд.

Дар доираи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  кишварҳои хориҷаи дуру наздик як зумра созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидаанд. Аз ҷумла, бо Россия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, аз кишварҳои Аврупо  бо Люксембург, Германия, Австрия, Чехия, Латвия ва аз манотиқи Осиё бо Туркия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт ва Корея чунин созишномаҳо имзо шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  корпуси дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналхалқии «JICA» моҳи марти соли 2017 барои сохтмони терминали боркашонӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» санги аввал гузошта шуд ва дар назар аст, ки он соли 2018 ба итмом расад.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз вазифаҳои Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин татбиқи сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ мебошад, ки ба қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо, баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи сиёсати ҳавопаймоӣ дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, инчунин мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ равона гардидааст ва он дар сатҳи зарурӣ иҷро мегардад.

Агар ба таърихи авиатсияи кишвар назар афканем, мебинем, ки 3 сентябри соли 1924 бори нахуст ҳавопаймои сохти германии «Юнкерс Ф- 13», ки аз ҷониби сарнишинони тоҷикистонӣ П. Комаров ва Р. Ахриев идора мегардид, аз Бухоро парвоз намуда, ба Душанбе фуруд омад. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуд ва ба таъсиси Рӯзи авиатсияи ватанӣ асос гузошт.
Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе тавассути ҳавопаймо оварданд. Тӯли 93 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфта, пеш рафтанд.
«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800-метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид.
«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2013 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 «Мрия» дар ҳарими ҳавоии Душанбе фуруд омад.
Комёбию дастовардҳои соҳаи авиатсияи ватанӣ дар ин муддат хеле зиёданд. Толорҳои фурудгоҳ вобаста ба шароити мавҷуда васеъ карда шуда, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло рафт. Барои мусофирон толорҳои муқаррарӣ ва CIP хизмат мерасонанд. Шароити сабти ном, гузаштан аз муоинаи амниятӣ ва дигар воситаҳои назорат ҷорӣ шуд. Хизматрасонии ҳавопаймоҳо мутобиқи дастурҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization), ки соли 1944 таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви он аст, ба роҳ монда шуд.
Дастоварди дигари соҳаи авиатсияи кишвар аз он иборат аст, ки ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба истифодаи ҳавопаймоҳои замонавии «Боинг» гузаштанд.
Бояд гуфт, ки ин намуди ҳавопаймоҳо барои истифода ва идора хеле мувофиқанд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт
НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва барф меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд

Маводҳои таҳлилӣ