Миёни Қӯрғонтеппа ва яке аз шаҳрҳои Япония муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ мешаванд

Декабрь 26, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 26.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Миёни шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ва яке аз шаҳрҳои Япония муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Ин матлаб 25 декабр зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Сафири Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тотомоҳиро Накагакӣ пешниҳод гардид. Дар мулоқоти мазкур раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода низ иштирок дошт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, раиси вилоят барои дастгириҳои доимӣ ва амалишавии лоиҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  аз ҷониби Сафорати Япония, Агентии JICA ва Ҳукумати Япония, аз ҷумла, лоиҳаҳои грантӣ дар соҳаҳои гуногуни вилоят, бахусус роҳсозӣ, тандурустию маориф ба Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Мавсуф ҳамзамон барои баррасии минбаъда якчанд масъалаҳоро, ба монанди таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳдошти замин, таҷҳизонидани беморхонаи сохташавандаи бемориҳои сироятии ноҳияи Данғара ва дигар муассисаҳои тандурустӣ, инчунин Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппаро бо таҷҳизоти замонавӣ пешниҳод намуд.

Тотомоҳиро Накагакӣ иброз дошт, ки сафорат масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, тариқи лоиҳаҳо амалишавии онҳоро дастгирӣ менамояд.

Декабрь 26, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд