НАЗДИКШАВИИ РЕКОРДИИ АСТЕРОИДИ ФАЭТОН БА ЗАМИН. Олимони тоҷик онро мушоҳида карда, дар масофаи 147 млн. км акс гирифтанд

Декабрь 8, 2017 09:18

ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабри соли 2017 наздикшавии астероиди Фаэтон ба Замин ба масофаи 10 млн. км дар назар дошта шудааст. Дар айни замон олимони тамоми ҷаҳон ба ин рӯйдод омодагӣ доранд.

Тавре директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ба мухбири «Ховар» иброз намуд, олимони тоҷик низ бо мақсади саҳеҳ ҳисобидани мадори ҳаракат ва дигар шароити физикии он дар расадхонаҳои астрономии «Санглох» ва «Ҳисор» мушоҳидаҳои онро ташкил намуда, 28 октябри соли 2017 дар «Санглох» дар масофаи 147 миллион километр Фаэтон акс гирифта шуд, ки он алҳол дастоварди соҳа ба шумор меравад.

Ба иттилои номбурда, мушоҳидаҳо дар Тоҷикистон то лаҳзаи наздикшавии Фаэтон ба Замин идома ёфта, инчунин мушоҳидаи фаъолияти сели метеории Геминид якҷоя гузаронида мешавад. Зеро тадқиқоти муштараки Фаэтон ҳамчун ҷирми волидайни Геминидҳо ва худи сели Геминидҳо имкон медиҳад, ки ба асрори табиати ин сайёраи хурд равшанӣ андохта шавад.

«Ин сайёраи хурд 11 октябри соли 1983 кашф шуда, бинобар сабаби наздик шуданаш ба Офтоб (3200) Фаэтон ном гирифтааст. Диаметри астероид зиёда аз 5 км буда, ҷисми азимҷусса ҳисоб меёбад. Шакли мадори астероид хеле дарозшуда мебошад ва бинобар ҳамин дар раванди ҳаракат дар атрофи Офтоб он мадори чор сайёра-Аторуд, Зӯҳро, Замин ва Миррихро мегузарад. Фаэтон ба Офтоб ба  масофаи тақрибан 21 миллион километр наздикшавӣ дорад, ки миёни астероидҳо рекорд ба шумор меравад.

Чунин шакли мадор ба кометаҳо мансуб аст ва ин асоси фарзияе шуд, ки Фаэтон ядрои кометаи хомӯшшуда мебошад, ки дар натиҷаи ҳаракат дар атрофи Офтоб бо пӯстлохи мушкилгудоз рӯйпўш гаштааст. Дар чунин ҳолат Фаэтон пораи азими чангу газҳои яхкардашударо ташкил медиҳад ва пӯстлох барои бухоршавӣ монеа мебошад. Ин фарзия боз ба як ҳодисаи дигари табиӣ асос ёфтааст. Фаэтон чун сарчашмаи сели метеории Геминид пешниҳод шудааст, ки ҳар сол 10-15 декабр аз Замин мушоҳида мешавад»,- гуфт ситорашиноси тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова.

Акси астероиди Фаэтон, ки бо ёрии  телескопи Тсейс-1000 дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» 28 октябри соли 2017  гирифта шудааст.

 

 

 

Декабрь 8, 2017 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад