ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2, Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ як шабонарӯз қатъ мегардад

Декабрь 20, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 600 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои аз 1,2 то 1,9 хиёбони Н. Махсум»  интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино- дар  маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2,  Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсум аз соати 22:00 рӯзи 20 декабр  то соати 24:00 рӯзи 21 декабри соли 2017 қатъ мегардад.

Дар ин бора аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дода, аз сокинони маҳаллаҳои мазкур хоҳиш карданд, ки миқдори зарурии  оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

 

Декабрь 20, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад